Вазъ бадтар, ки беҳтар не!

Корҳои ободониву созандагӣ дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бомаром ҷараён дошта, якчанд корхонаву муассисаҳо, биноҳои замонавӣ, мактабу кӯдакистон, боғҳои фарҳангӣ ва гулгашту хиёбонҳо сохта, мавриди истифода қарор мегиранд.

Баробари ҳамаи ин пешравию муваффақиятҳо дар Хуҷанд ҷойҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳусни шаҳрро доғдор месозанд. Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

Бояд гуфт, ки ҳамарӯза садҳо нафар меҳмонону сайёҳон ба шаҳру навоҳии вилоят, бахусус шаҳри Хуҷанд омада, аз ҷойҳои таърихиву марказҳои фарҳангӣ, гулгашту хиёбонҳо ва бозорҳо дидан мекунанд. Ҳангоми мушоҳидаҳо дар роҳи пиёдагарди бозори «Панҷшанбе», воқеъ дар паҳлӯи бинои Масҷиди шайх Маслиҳатдини шаҳр роҳравҳо барои пиёдагардонро дидем, ки сафолакҳояш шикаставу дар ҳолати ногувор қарор доранд. Ин вазъ барои меҳмонон ва сайёҳон мушкилотеро рӯйи кор овардааст.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ин ҳолат дар кӯчаи асосӣ, яъне дар роҳе, ки ҳамарӯза чандин нафар меҳмонон ба бозору атрофи он гаштугузор менамоянд, мушоҳида гардида, кас аз дидани он ба ҳайрат меафтад, ки наход вазъи кӯчаҳои асосии бозор ин гуна бошад?! Бозори марказии шаҳр бояд, яке аз ҷойҳои ободу намунавӣ бошад, зеро меҳмонону сайёҳони меомада асосан аз ин роҳ гаштугузор мекунанду аз ҷойҳои таърихӣ, истироҳатию фароғатӣ дидан менамояд. Суоли матраҳ ин аст, ки наход масъулин ин ҳолатро боре надида бошанд? Бар замми ин чандин сол аст дар қадди роҳ 4-5 дукон ташкил шудаву соҳибкорон ба фурӯши сару либос ва дигар чизҳои лозима машғуланду ягон маротиба сафолакҳои роҳи дӯконҳояшонро нав намекунанд. Бино ба мушоҳидаҳо соли равон масъулини шаҳр як қисми кӯчаю хиёбонҳоро сафолакпӯш кардаву баъзе роҳравҳоро таъмири ҷорӣ намудаанд.

Аммо ҳангоми азназаргузаронӣ аён гардид, ки баъзе ҷойҳо сафолакҳои нав шинонида нашуда, он ба ном «хокпӯш» гардидаасту халос. Ҳамчунин, ҳангоми боздид аз майдони Регистони Бозори марказии шаҳр ҳолати ногувори ҳар гуна партовҳои маишӣ, савдогарони кӯчагӣ, набудани қуттиҳои махсуси партовпартоӣ ба назар расид, ки хеле ҳузнангез буд.

Дар ҳайрат мондем, ки наход гирду атрофи бозори марказии шаҳр ба чунин ҳолат расидаасту масъулон баҳри ислоҳи он чорае наандешидаанд. Вазъи ҷӯйборҳо низ беҳбудӣ металабад, ки ба онҳо партовҳои зиёд партофтаву бӯйҳои ғализ ба машоми кас мерасид. Мо дар мақолаҳои пешина низ чунин ҳолатро инъикос намуда будем ва бо гузашти қариб як сол ҳолат бадтар асту беҳтар нест!...

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh