Баҳри шукуфоии кишварамон саҳмгузор хоҳем буд

Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 октябр то 4 ноябри соли равон гурӯҳи ҷавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иштирок дар Форуми аввалини ҷавонони Русияву Тоҷикистон ба Федератсияи Русия сафар доштанд. Ба ҳайати иштирокчиёни Форум мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Бобоҷон Fафуров Фирдавс Хоҷиев низ шомил буд.

- Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ табодули афкор дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, шиносоӣ бо тарзи ҳаёти онҳо, ивази таҷриба дар самти кор, нақш ва саҳми онон дар мақомоти қонунбарори кишвари худ, аз ҷумла иштирок дар Думаи давлатӣ, минбаъд густариш додани робитаву ҳамкориҳои ҷавонони ду давлат дар соҳаҳои гуногун иборат буд.

 Дар пойтахти Федератсияи Русия - шаҳри Маскав моро гарму самимона пазироӣ намуданд. Бо ҷавонони ин шаҳр конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид, ки он дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, табодули таҷриба гузашта, дар маҷмӯъ ба беҳтар намудани ҳамкориҳо нигаронида шуд.

Ҳамчунин, бо донишҷӯён ва ҷавонони тоҷики муқими шаҳри Маскав мулоқот анҷом додем. Дар ин ҷо зикри он нукта ҷоиз аст, ки донишҷӯёни макотиби олӣ низ аз пешравиҳои сарзамини худ - Тоҷикистон хеле шоду мамнун буданд ва изҳор доштанд, ки оянда мутахассиси соҳоти мухталиф гардида, баҳри рушди диёри худ саҳмгузор хоҳанд шуд. Сафар ба шаҳри Владикавказ, ки дар Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ воқест, баҳрамон хеле хотирмон буд. Моро раиси шаҳр ба ҳузур пазируфт, ҳамчунин мо бо ҷавонони муқими ин шаҳр ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ вохӯри гузаронидем.

Ҷоиз ба зикр аст, ки диаспораи тоҷикони ин шаҳр яке аз бонуфузтарин дар Федератсияи Русия маҳсуб ёфта, аз мулоқот бо ҳайати ҷавонони Тоҷикистон хеле шоду мамнун гаштанд ва изҳор намуданд, ки аз набзи диёри худ ҳамеша огоҳанд. Ободиву пешравии кишвари азизашон - Тоҷикистон боиси хушнудиву шодмонии онҳост.

Дар маҷмӯъ, аз Форуми ҷавонон ва мулоқотҳо мо - намояндагони ҷавонони Тоҷикистон ба худ бардоштҳои зиёде гирифтем. Аз таҷрибаи ҷавонони Русия баҳра бардоштем, ки минбаъд дар фаъолияти худ, албатта, аз онҳо истифода хоҳем кард.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh