Бемории ВНМО байни ҷавонон афзоиш ёфтааст?

 

 

 

 

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз бемориҳои сироятӣ ба ҷои коҳиш ёфтан бахусус байни ҷавонон реша давонида, аҳли ҷомеаро нигарон намудааст. Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳатто дар телевизион хавфи сироят ёфтани бемории вируси норасоии масунияти одамро ба аҳолӣ намоиш медиҳанд, то худро аз сирояти ин беморӣ дур нигоҳ доранд. Таҳлил ва ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки аксар одамони мубталои бемории ВНМО гардида шахсоне ҳастанд, ки ба муҳоҷират рафтаанд ё моҳҳову солҳо аз оилаҳояшон дур зиндагӣ кардаанд. Айни замон бемории вируси норасоии масунияти одам байни ҷавонон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ бештар сироят меёбад.   

Оид ба сироятёбӣ ва пешгирӣ аз бемории ВНМО сардори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО-и ноҳияи Ашт Мурод Пулотов мегӯяд, вируси норасоии масунияти одам ба одами солим бо се роҳ: бо хун (ҳангоми истифодаи сӯзандоруҳо, хунгузаронӣ ва таҷҳизоти тиббии тамйизношуда), алоқаи ҷинсӣ (ҳангоми алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона бе истифода аз рифола), аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ) мегузарад. Он оҳиста-оҳиста дар организм зиёд мешавад. Шахси гирифтори беморӣ солҳои зиёд намедонад, ки ӯ сироят ёфтааст. Масалан, давоми аз 2 то 15 сол то вақте, ки масуният заиф мешавад, фаҳмидани сироят ба инсони бемор душвор аст. Дар баробари ин инсони сироятёфта ба дигар бемориҳои гуногун низ гирифтор мешавад.

-Дар мубориза бо ин беморӣ, ки ахиран ба марг оварда мерасонад, бояд тамоми ҷомеа мубориза баранд. Ҳар шахс бояд сари вақт аз ташхис гузарад ва дар давраи аввали беморӣ аз он огоҳ шуда, ба табобат машғул бошад. Ҳар инсон ҳадди ақалл дар як сол як маротиба худашро ташхис намояд. Ҷавонон бояд аз алоқаи ҷинсӣ бо шахсони бегона худдорӣ кунанд. Дар баробари ин тамоми сохторҳои соҳаи тибб барои пешгирии ВНМО ҷалб карда шаванд ва ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.Яъне мардум ҳарчӣ зиёд дар бораи беморӣ иттилоъ дарёфт кунанд, ҳамон қадар аз бемории вируси норасоии масъунияти бадан худро дур медоранд,-илова намуд Пулотов Мурод.

Бо вуҷуди мубориза бо ин беморӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят афзоиши онро масъулин ба қайд мегиранд. 22 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент дар ду соли охир гирифтори бемории ВНМО гаштаанд, ки ин шумора аз дигар шаҳру ноҳияҳо зиёд мебошад. Танҳо дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ин беморӣ давоми соли 2017-2018 дида намешавад.

Бино ба омори расмии Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО дар нӯҳмоҳаи соли 2018 байни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  68 нафар ҷавонони аз синни 14 то 30-сола гирифтори бемории ВНМО гаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 нафар зиёд мебошад. Дар нӯҳмоҳаи соли 2017 байни ҳамин синну сол 53 нафар гирифтори бемории ВИЧ гаштаанд. Аз 68 шумора  беморон 34 нафар занон ва 34 нафар мардон арзёбӣ мешаванд. Дар соли 2017 бошад 26 нафар мардон ва 27 нафар занони ҷавон гирифтори бемории ВНМО гардидаанд. Мо ба Шумо теъдоди гирифторони бемории ВНМО-ро дар ду соли охир дар соли 2017-2018 байни ҷавонони аз синни 14 то 30-соларо пешниҳод менамоем:

Номгӯи шаҳру ноҳияҳо

ҳамагӣ

Мард

         зан

2018

2017

2018

2017

2018

2017

1

Айнӣ

2

1

0

1

2

0

2

Ашт

3

5

1

3

2

2

3

Бӯстон

6

1

2

0

4

1

4

Б. Ғафуров

4

4

1

2

3

2

5

Гулистон

2

1

1

1

1

0

6

Деваштич

1

0

1

0

0

0

7

Зафаробод

3

1

2

1

1

0

8

Исфара

4

7

3

2

1

5

9

Истиқлол

1

0

1

0

0

0

10

Истаравшан

1

4

1

1

0

3

11

Конибодом

13

9

7

3

6

6

12

К. Мастчоҳ

0

0

0

0

0

0

13

Масчоҳ

0

5

0

3

0

2

14

Панҷакент

17

5

7

3

10

2

15

Спитамен

2

3

1

1

1

2

16

Хуҷанд

7

4

5

2

2

2

17

Ҷ. Расулов

2

2

1

2

1

0

18

Шаҳристон

0

1

0

1

0

0

 

Ҷамъ

68

53

34

26

34

27

Дар ноҳияи Ашт соли ҷорӣ азфоиши ин беморӣ байни ҷавонон коҳиш ёфтааст. Дар соли 2018 ҳамагӣ 3 нафар мубталои бемории ВНМО гардидаанд, ки 2 нафар аз соли гузашта кам мебошанд.

Дар мубориза бо бемории ВНМО дар табобатхонаҳо таҷҳизотҳои табобаткунанда такроран набояд истифода шаванд. Шахси сироятёфта аз ВНМО аз алоқаи ҷинсӣ бо шахсони дигар худдорӣ кунад ва онҳо бояд таҳти назорат қарор гиранд. Таҳти назорати доимӣ қарор гирифтани шахсони сироятёфта, омили асосии пешгирии бемории ВНМО ба шумор меравад.

Саодат ИСМОИЛӢ

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh