Баррасии масъалаҳои муҳим

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ

30 ноябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ баргузор гардид, ки дар кори он муовини якуми Раиси вилоят, намояндаи комилҳуқуқи Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятӣ Раҳматзода Рустам Мирзо иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар ҷаласа аъзоёни Шӯрои вилоятӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Сараввал муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, №89 «Дар бораи татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2017 – 2020» гузориш дод.

Мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати иҷрои қарори зикргардида дар вилоят корҳои назаррас амалӣ гардида, бобати пешгирӣ ва табобати бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Чунончӣ, моҳи июни соли равон ба вилоят аз хориҷи кишвар як дармонгоҳи сайёр ворид гардида, то ин дам дар 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 3 ҳазор нафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 5 ҳодисаи гирифторӣ ба бемории сироятии ВНМО ошкор гардид.

- Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва бо дарназардошти афзоиши бемории ВНМО дар вилоят теъдоди марказҳои бемориҳои сироятӣ (ВНМО) ба 14 адад расонида шуд, - изҳор дошт Маъруфҷон Ҳоҷибоев.

Мавриди зикр аст, ки давоми соли равон дар вилоят 308 ҳодисаи мубталошавӣ ба ин бемории табобатнашаванда ошкор гардидааст, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 50 адад зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, алҳол дар вилоят 2319 нафар ба бемории ВНМО гирифтор шудаанд, ки аз ин миқдор 800 нафарро зан ва 21 нафарро кӯдакон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумотҳо аз ин беморӣ то ин дам дар вилоят 713 нафар фавтидаанд, ки боиси нигаронист.

Муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо бобати тақвияти фаъолияти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ дар ин самт ҳарф зада, таъкид дошт, ки бояд корбарӣ дар самти татбиқи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 – 2020 дар вилоят пурзӯр карда шуда, ҷиҳати пешгирии он аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода карда шавад.

Ин бемории хавфнокро бесабаб вабои аср наномидаанд. Алҳол дар ҷаҳон беш аз 40 миллион одамон ба ин беморӣ мубтало буда, сол аз сол теъдоди гирифторони ин бемории хавфнок меафзояд.

Дар ҷаласа аз рӯи масъалаи дуюм – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олимҷон Очилзода сухан ронд. Номбурда изҳор дошт, ки қабули пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бобати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» барои мардуми Тоҷикистон мояи ифтихор аст. Ин пешниҳод чорумин ташаббуси Тоҷикистон марбут ба масоили об мебошад. Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал ҳадафҳои бузургу некро пайгирӣ менамояд, ки ҷомеаи инсонӣ ба он ниёзманд аст. Яке аз он масоил ин мушкилоти дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ мебошад.

Дар ҷаласаи навбатӣ аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ Шуҷоат Ҳасанова, Қурбонҷон Мирзоева, Илҳом Юсуфов, Сарфароз Абдуфаттоҳзода, Биҳоҷал Раҳимова, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, Аҳмадҷони Раҳматзод ва дигарон ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои судманд ва таклифу пешниҳоди амиқи хешро иброз доштанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ дар соли 2018 мавриди ҷамъбаст қарор гирифта, Низомномаи намунавӣ ва нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд барои соли 2019 тасдиқ гардид.

Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии вилоятиро муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ҷамъбаст намуда, роҷеъ ба тавсеа ва густариши минбаъдаи фаъолияти аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ, бобати вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои босифати қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дигар масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ дар назди аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh