АЗ КОРҲОИ НЕК ҶИЛВА НАМОЯД ГУЛБОFИ ВАТАН

Ободии диёр ин ободии рӯзгор аст. Саҳмгузорӣ дар шукуфоии Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва инсонии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат - 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои вилоят корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром ҷараён гирифта, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, майдончаҳои варзишӣ, сохтмону таъмири дабистонҳо, кошонаи ҳусну кохи фарҳанг тарҳрезӣ гардидааст. Бояд зикр кард, ки ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои стратегии кишвар, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар сокини мамлакат барномаву стратегияҳои давлатӣ амалӣ гардида, пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Имрӯзҳо сокинон талош доранд, ки ин санаи пурифтихору фархундаро бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол гиранд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди як қатор иншооти ҷашнӣ ба назар мерасад, ки барои боз ҳам ободу зебо гардидани минтақаи гуногуни вилоят мусоидат менамояд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба истиқболи ин ҷашни бузург бунёд, тармим ва таъмири беш аз 122 иншооти замонавиро ба нақша гирифтааст.

Корҳои ободонӣ бомаром ҷараён гирифта, шаҳраку деҳот рӯз аз рӯз симои худро дигар менамоянд. Як қатор иншооти фарҳангию фароғатӣ то имрӯз бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бояд зикр намуд, ки дар таъсиси корхонаву сехҳои нави дӯзандагӣ дар ноҳия саҳми соҳибкорон низ бузург аст. Дар Ҷамоати шаҳраки Навкат аз ҷониби бонуи соҳибкор М. Расулова Маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии "Маҳтоб" бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Марказ 20 нафар зани хонашинро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кард, ки барои баланд бардоштани иқтисодиёти мардум кӯмак менамояд.

Дар шаҳраки мазкур ҳуҷраҳои иловагии бинои маъмурии КФ КВД «Лоиҳакаш», анбори сӯзишвории бинои маъмурии ҶДММ «Гули Сурх Континент» ва бинои маҷмааи меҳмонхона ва хизматрасонии маишии «Судайс», ҳамчунин бинои маркази хизматрасонӣ ва ҳаммом низ сохта шудаанд, ки ҳамаи онҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол бинои дуошёнаи Маркази хизматрасонӣ ва сехи дӯзандагии "Райҳона" ба фаъолият оғоз кард, ки чандин нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд.

 Барои ҷалби ҷавонон дар деҳаи Саидқалъа толори варзишии замонавӣ, майдончаи бозиҳои бачагона сохтаанд, ки айни ҳол мавриди истифода қарор доранд. Дар деҳаи Фармонқалъаи Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин бинои дуошёнаи Маркази хизматрасонии маишӣ ва сехи дӯзандагӣ бунёд карда шуд. Шоёни тазаккур аст, ки дар деҳаи Саидқалъаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия шабакаи обтаъминкунӣ ба маблағи 3 миллиону 720 ҳазор сомонӣ сохта шуд.

Ин амали хайр дар ҳамкорӣ бо Котиботи байналхалқии таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва санитария, водии Фарғона – Тоҷикистон муяссар гардидааст. Корҳои ободониву созандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш бо сохтмон ва ба истифода дода шудани маркази хизматрасонии бинои «Амонатбонк» ва пули мошингузар дар деҳаи Куркати ҳамин Ҷамоат бо дастгирии аҳолии маҳаллӣ, соҳибкорон ва ҶДММ «Файзи саҳар» амалӣ гардидааст. Дар ноҳия бо маблағгузории буҷети вилояти Суғд таъмир ва мумфарш намудани 2,5 километр роҳи автомобилгарди “Спитамен - Янгиобод”-и Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев ва аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят обод гардонидани роҳи автомобилгарди "Куркат - Ширин - Зафаробод" ба итмом расонида шудааст.

Аҳолии Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев аз бунёд гардидан ва ба фаъолият оғоз намудани бинои хизматрасонии Маркази тиббии дандонпизишкӣ, ки аз тарафи соҳибкор А.Мамашарифов сохта шудааст, хушнуд ҳастанд. Марказ дорои 6 ҳуҷра (гиёҳдармонӣ, муолиҷа, безараргардонӣ, ортопедӣ, ҳуҷраи хатна ва ҳуҷраи истироҳат) буда, 6 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Марказ дар оянда таъсиси ҳуҷраи кабинети рентгенӣ ва хонаи гузаронидани ташхис барои пешгирии бемории ВИЧ/СПИД-ро ба нақша гирифтааст. Ҳамчунин, дар радифи иншооти хизматрасонии ноҳия дар шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ошхонаи «Дӯстӣ», дар Ҷамоати деҳоти Куруш чойхонаи «Ҳоҷӣ Норбек» ва дар Ҷамоати деҳоти Истиқлол як майдончаи варзишии замонавиро метавон зикр кард.

То имрӯз дар ноҳия иншооти ҷашнии таъиноташон гуногун бунёд гардида, то соли 2021 яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони дигар марказҳои хизматрасониву бозиҳои кӯдакона, толорҳои варзишӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, марказҳои саломатӣ, ҳаммом, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар аст.

Инчунин таъмиру бунёди роҳҳои дохилии маҳалҳои аҳолинишин, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, гулкорию кабудизоркунӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия дар назар аст. Умед аст, ки баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои беҳтарин, комёбиҳои беназир ва инкишофу пешравии Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми имкониятҳо мавриди истифода қарор дода мешаванд ва ҷашни таърихии миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат ва файзи хосса таҷлил мегардад.

Гулҷаҳон ҲАКИМДУХТ,
Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh