Ба маркази вилоят 12 адад техникаҳои нави партовкашонӣ ворид карда шуд

Дар доираи амалишавии марҳилаи навбатии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят 12 адад техникаҳои нави партовкашонӣ ворид карда шуд.

Зимни муаррифии техникаҳои воридгардида, ки рӯзи 6 декабр дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки то охири сол боз 7 адад техникаҳои партовкашонӣ оварда мешавад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд» иброз дошт, ки техникаҳои нав баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии коммуналӣ ва некуаҳволии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.

Тазаккур дода шуд, ки бо афзоиши аҳолии шаҳри Хуҷанд партовҳо низ бештар мегардад. Аз ин лиҳоз, ниҳодҳои марбутаро зарур аст, ки фаъолияти муназзамро ба роҳ монда, барои тозагиву ободонии шаҳр аз имкониятҳои мавҷуда пурра истифода намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулини идораҳои роҳу нақлиёт дастур дод, ки барои паси сар намудани зимистони дар пешистода ба таври ҷиддӣ омодагӣ бинанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

 

Add comment


Security code
Refresh