“Қисмҳои эҳтиётии Бахтиёр”. Наход?!

Забон беҳтарин сарват ва қимматтарин дороии миллат аст, пойдорӣ ва рушди забон нишонаи ҳастии миллат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш чунин гуфтаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қиммату манзалати забони миллати ғайрро низ наметавонад эътироф кунад».

Дар ҳақиқат, агар забони модарии худро надонем, ҳеҷ гоҳ наметавонем ба омӯзиши забонҳои дигар машғул шавем. Ҳарчанд дар кишвари мо забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ қабул шудааст, аммо мо онро ба қадри зарурӣ риоя карда, аз он истифода бурда метавонем?

«Қасри Арбоб-қасри сулҳу ваҳдат аст!» мехонем аз овезае, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд насб гардидааст. Ё дар мавзеи Ватан чашмамон беихтиёр ба чунин овеза меафтад: «Забони миллат-ҳастии миллат аст!» Агар хонандаи закитабъ огоҳ аз илми забонӣ ва қоидаҳои пунктуатсионӣ бошад, мефаҳмад, ки ҳангоми гузоштани аломати китобатии тире бандаки хабарии шахси сеюми танҳо «аст» оварда намешавад. Зиёда аз ин агар тире байни мубтадову хабар аз як ҷиҳат, ҳудуди онҳоро ҷудо кунад, аз ҷиҳати дигар, бо ҳам муносибати ҷудонашавандаи маъноӣ ва грамматикӣ доштани онҳоро низ нишон медиҳад. Аз ин лиҳоз, мебояд, ки ҳангоми навишти ин ҷумлаҳо ё аломати тире аз байн гирифта шавад ва ё овардани бандаки хабарии «аст» ҷоиз нест.

 «Маркази савдо ва хизматрасони», «Молҳои саноати», «Маркази компютери», «Гушаи саломати» мехонем дар пештоқи марказҳои савдою саломатӣ ва мағозаҳои шаҳру ноҳияҳо. Агар фармоишдиҳанда ва интишоркунандагони эълону реклама ва ё нигораҳо медонистанд, ки мавқеи навиштани ҳарфи «и» ва «ӣ»-и заданок дар имлои забони тоҷикӣ кадом аст, шояд чунин хаторо содир намекарданд. Агарчанде дар ҳар шаҳру ноҳия мутасаддиёни риояи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият доранд, истифодаи нодурусти имлои забони тоҷикӣ дар ҳама ҷо ба чашм мерасад. Дар роҳрави идораи Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов деворнигораи «Қонуни забон дар амал» насб шудааст.

 Ин албатта, ҳамагонро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя намоянд. Моро тааҷҷуб боло гирифт, вақте ки дар рӯ ба рӯи ҳамин деворнигора насби деворнигораи дигар бо унвони «Гушаи саломати», ки ба ғайр аз ду-се варақ маълумотномаи соҳаи саломатӣ ва суратҳои рангпарида боқӣ чизе надошт, дидем. Нигоштаҳои дар варақҳо овардашуда аз сабаби хирагиашон хонда нашуданд. Зиёда аз ин агар дар ду калимаи сарлавҳа ду хато ба назар расад, аз хондани варақаҳои поёнӣ чӣ суд?

Дар болодари утоқҳои кории ҷамоат чунин навиштаҳо мушоҳида шуданд: «Раиси шурои кор бо занон ва оилаи Ҷамоати деҳоти Деҳмой Асимова Талъат Бахриддиновна», «Раиси Ҷамоат Fафорзода Абдурасул Fафор», «Котиби Ҷамоат» ва ғайра. Дар боби 5, банди 21, (ғ) -и Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ чунин оварда шудааст: «Бо ҳарфи калон навишта мешаванд: … калимаи нахуст ва исми хоси дохили номи таркибии идора, мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Фирдавсӣ ва ғ.» . Аз ин бармеояд, ки дар ҳолати пурра овардани исми хоси дохили мақомоти маҳаллӣ, яъне «Ҷамоати деҳоти Деҳмой» дуруст аст. Аммо дар мавриди номҳои навишташуда бояд андешаронӣ намуд.

Дар моддаи 3, банди 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст: «Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмӣ мебошад». Дар банди 1, моддаи 13, ки «Забони эълону реклама» унвон гирифтааст, ин гуфтаҳо оварда шудааст: «Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад». Агар ки чунин бошад, пас навиштаҳои «Магазин ҷенского ниҷного беля Мавзун» «Толори Ҳусн ZAR», «Толори арӯсӣ DELUX» чӣ маъно дорад? Дар лавҳаву овезаҳо омехта кардани забонҳои русиву тоҷикӣ, бар замми ин бе риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикиро сабаб чӣ бошад? «Қисмҳои эҳтиётии КАМАЗ», «Қисмҳои эҳтиётии Бахтиёр» мехонем дар пештоқи фурӯшгоҳҳои шоҳроҳи Хуҷанд - Fафуров.

 Агар бо овардани лавҳаи «Қисмҳои эҳтиётии КАМАЗ» мо фаҳмида тавонем, ки дар он ҷо қисмҳои эҳтиётии автомошинаи Камазро ба фурӯш гузошта бошанд, магар дар фурӯшгоҳи «Қисмҳои эҳтиётии Бахтиёр» узвҳои ҷудогонаи инсонро ба фурӯш мебароранд? Дар гардишгоҳи назди бозори «Фаровон», рӯ ба рӯи идораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Fафуров барои хизматрасонӣ ба мизоҷон маркази компютерӣ ва дорухона фаъолият мебарад. Дар пештоқи бино бошад, чунин навиштаҳоро мехонем: «Дорухонаи Нодир» ва ё «Маркази компютери асри ХХI век».

Магар шакли дурусти номгузорӣ Дорухонаи «Нодир» нест? Навиштаи дуюмро агар танҳо як ҷумлаи сода ҳисобем, пас, ба мушоҳида мерасад, ки дар ин ҷумла якчанд хато дида мешавад. Якум, калимаи «компютери» на бо чунин равиш, балки бо овардани пасванди - ӣ, ки сермаҳсул буда, бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ меояд ва аз исм исми нав месозад, навишта мешавад. Пас аз он гузоштани аломати баён дар ин ҷо ҳатмист. Дуюм, метавон ин калимаро бо овардани бандаки изофии «ии», яъне «компютерии» ва бе истифодаи нохунак ба кор бурд. Дар ҳарду ҳолат ҳам ибораи «асри ХХI» дар нохунак бо ҳарфи калон навишта шуда, калимаи «век» дар ин маврид баризофа аст. Яъне, тарзи дурусти ин лавҳа «Маркази компютерӣ: «Асри ХХI» ва ё «Маркази компютерии «Асри ХХI» аст.

Дар шафати бозори «Сомон», шоҳроҳи Хуҷанд - Fафуров нуқтаи таҷҳизоти газӣ ба мардум хизмат мерасонад. Аммо масъулин магар огоҳӣ надоранд, ки аллакай чанд вақт инҷониб дар болодари коргоҳ мардум «.аҷҳизоти газӣ»-ро мехонанду нафари ноогоҳ ба ин ном тааҷҷуб мекунад. Бо овардани ин далелҳо иктифо мекунем, зеро шумораи онҳо хеле зиёд аст. Манзури мо на нишон додани ғалатҳо, балки ислоҳи он аст. Агар ҳар нафари худогоҳу ватандӯст, соҳибхираду маърифатпеша ва масълиятшинос дар ободии як пораи Ватани азизаш саҳмгузор шавад, кишвари мо бештар ободу зебо хоҳад шуд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh