Басманда: Ба беморхона эҳтиёҷ дорад!

Басманда яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Деваштич ба ҳисоб рафта, аҳолиаш наздик Басманда яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳияи Деваштич ба ҳисоб рафта, аҳолиаш наздик 11 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Барои аҳолӣ хизматрасонии тиббии ҷавобгӯи замони имрӯза зарур аст. Деҳаи Басманда аз маркази вилоят зиёда аз 100 ва аз маркази ноҳия - имрӯза зарур аст. Деҳаи Басманда аз маркази вилоят зиёда аз 100 ва аз маркази ноҳия - шаҳраки шаҳраки Fончӣ қариб 40 километр дур буда, дар наздикии доманаи қаторкӯҳҳои Туркистон ҷойгир шудааст.

Имрӯз биноҳое, ки барои мардум бо ном хизмати тиббӣ мерасонанд, яктояш солҳои пеш бунгоҳи тиббӣ (ҳоло маркази саломатӣ мегӯянд), ҳанӯз солҳои 1965 – 1970 тариқи ҳашар сохта шудааст. Дар самти шарқии деҳа, мавзеи Чашма – назди Хокканак, дар давраи фаъолияти собиқ совхози «Қалъаи Дӯст» барои аҳолӣ бинои хизматрасонии маишӣ сохтаву дӯкони сартарошӣ, сехҳои дуредгарӣ, дӯзандагӣ ва шуъбаи алоқа хизмат мекарданд.

Чанд сол муқаддам маъмурияти хоҷагии «Басманда» бо мардум тариқи ҳашар ин биноҳоро камтар васеъ ва таъмир кардаву аз соли 1996 гӯё чун бинои беморхонаи дорои 25 кат, то имрӯз ба қадри имкон хизмат мерасонад. Инчунин, дар назди бинои маъмурии Хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳотам Қурбонов дар қисми ҷанубии бинои «Почта» аз ҳисоби утоқҳои он 2 ҳуҷра ҳамчун бунгоҳи тиббӣ хизмат мерасонад. Рӯз то рӯз аҳолӣ зиёд гаштаву талабот ба соҳаи хизматрасонии тиббӣ беш шуда истодааст. Аз ин лиҳоз, сокинони деҳа, собиқадорон, фаъолон ба ташкилотҳои дахлдор муроҷиат намуда буданд, ки барои ташкили беморхона бо тамоми шароиту таҷҳизоти тиббии муосир мусоидат намоянд. Бо чунин мазмун аз ҷониби Тоҷибой Тошев, собиқадори меҳнат ва сокинони деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич ба идораи рӯзнома мақола ворид гардид.

 Бобати огоҳӣ пайдо кардан аз рафти баррасии масъалаи мазкур ба масъулин муроҷиат намудем. Бино ба гуфти сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода муроҷиати мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби бахши сохтмони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёди беморхона дар раванди корҳои ободонӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

-Дар рафти баррасии муроҷиати мазкур маълум гардид, ки дар ҳақиқат беморхонаи марказии №4, ноҳияи Деваштич ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Ҳамчунин, дар соли 2017 бо тариқи ҳашар ба маблағи 15000 сомонӣ баъзе корҳои таъмирӣ, аз он ҷумла тунукапӯш намудани қисми болоии бинои мазкур пурра гузаронида шудааст,- гуфт сардори Раёсат. Умедворем, ки дар раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия беморхонаи мазкур азнавсозӣ шуда, барои сокинони минтақа туҳфаи арзишманде дар арафаи таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳ мешавад.

Аз почтаи «Минбари Шумо»

Add comment


Security code
Refresh