Мушкиле нест, ки осон нашавад, вале кай?...

Чун гузар аз кӯчаҳои ноҳияи Шаҳристон мекунед, беихтиёр чашматон ба роҳҳои фарсудаву кӯҳнашудаи минтақаҳои он меафтад, ки кас аз диданаш “наход ин роҳҳои маркази ноҳия бошад” мегӯяд. Роҳе, ки дар акс мебинед, маҳаллаи Қаҳқаҳа мебошад, ки солҳо рӯи таъмирро надидааст ва ниёз ба тармим дорад.

 Ҳангоми суҳбат бо сардори Хоҷагии манзилию коммуналӣ Охунҷон Олимҷонов маълум гардид, ки барои таъмири роҳ маблағ ҷудо карда шудааст, вале ба миқдори кам. Дар арафаи таҷлили ягон ҷашнвораҳо бо дастури раиси ноҳия кормандони Хоҷагии манзилию коммуналӣ роҳро регпӯш намуда, бо ин корашон гумон карданд, ки ба ободонии роҳ саҳм гузоштанд.

Баръакс ба ҷойҳои мумпӯшгардидаи роҳ рег пошиданд, ки ба ҳусни он халал ворид мекунад. Чун дар кӯчаҳо нақлиёт равуо мекунад, ҳама ҷо пур аз чангу хок мешавад. Ногуфта намонад, ки Абӯалӣ ибни Синои бузург гуфтааст: “Агар чангу ғубору дуд намешуд, инсон то сесад сол умр медид”. Воқеан ҳам ин чангу ғуборе, ки мардум аз он нафас мегиранд, ба саломатиашон бетаъсир намемонад. Лобар Каримова - истиқоматкунандаи маҳаллаи Қаҳ-қаҳаи ноҳия мегӯяд: - Гарчанде дар ҳавлиҳои худ бошем ҳам, чанги кӯча қариб пурра ба хонаҳои мо медарояду ҳатто нафас гирифтанамон боазоб аст.

Ҳамеша келину набераҳоямро таъкид мекунам, ки хона нишинанд ва рӯи ҳавлӣ набароянд. Ба чангу ғубори дару дарвоза бошад, нигоҳ ҳам карда намешавад, ҳол он ки ҳамарӯза шустушӯ мекунем мегӯяд ӯ. Мо - сокинон умед дорем, ки ин роҳҳои нообод то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш гардида, маҳаллу деҳа ва ноҳияамон ободу зебо мешавад.

Зарнигор МИРЗОРАҲИМОВА,
ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh