Ашт. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашӯрбой Солеҳзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи Ашт собиқадорони меҳнатро аёдат намуданд.

Раиси вилоят ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аз ҳоли собиқадорони соҳаҳои хоҷагии халқ Саодат Наҷмиддинова ва Зоя Қодирова хабар гирифта, ба онҳо саломатии бардавом таманно карданд. Ба аёдатшудагон аз ҷониби роҳбарияти вилоят кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Пасон, Раиси вилоят ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо рафти корҳои сохтмони бинои Беморхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз шинос шуда, бо сокинон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Раиси вилоят таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола маблағҳои заруриро равона менамояд ва дар ин росто садҳо иншооти соҳаи тандурустӣ бунёду таъмир ва бо таҷҳизоти лозимӣ ҷиҳозонида мешаванд.

Зикр карда шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмин намудани Беморхонаи Ҷамоати деҳоти Понғоз бо таҷҳизоти тиббӣ 4 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh