Боздошти маҳсулоти пастсифат

Дар давоми соли 2018 кормандони Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд ва марказҳои минтақавӣ 3223 санҷиш гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 1208 адад кам мебошад. Сабаби кам гаштани санҷишҳои назорати давлатӣ ба эълон гаштани моратория ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидории соҳаи истеҳсолӣ вобаста аст.

Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат аз ҷониби мутахассисони Марказ зиёда аз 65 ҳазору 386 килограмм маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификат, ба монанди маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, макарон, чой, қаҳва, консерва, равғани растанӣ, қаннодӣ, тухми парранда, инчунин ба миқдори 10 ҳазору 336 литр нӯшокии спиртӣ ва дигар намуди маҳсулот ошкор ва аз муомилот боздошт шуд, дар ин бора дар нишасти хабарӣ директори Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Муҳаммадӣ Давлатзода иброз дошт.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби мутахассисони Марказ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи хуқуқ ба маблағи зиёда аз 371 ҳазору 210 сомонӣ маҳсулоти бо роҳи қочоқ воридшаванда пешгирӣ шуд. Аз ҷумла, бозичаҳои бачагона 33912 дона, равғани маска, сӯзишвории дизелӣ, афшура ва нӯшокии спиртии ба таври қочоқ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон воридшуда ошкор ва боздошт ва барои ҷаримабандӣ ба Раёсати минтақавии гумрук супорида шуд.

Дар давоми соли 2018 - ум 82 нафар шаҳрванд баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолии худ ба Марказ муроҷиат намудаанд ва шикоятҳо баррасӣ гардидаанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh