Амалҳои зишти марзбонони қирғизро маҳкум менамоем!

Воқеаҳои мудҳишу ноороми рӯзҳои охир дар марзи деҳаҳои Ворухи шаҳри Исфара ва Оқсойи вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон баамаломада  моро чун фарди кишвари соҳибистиқлоли хеш басо дар шигифт мондаву аҳли ҷомеаи бонангу номуси кишварро бетараф гузошта наметавонад. Бино ба изҳороти марзбонони тоҷик ҷониби Қирғизистон якҷониба ба сохтани роҳи баҳсии Кӯктош-Оқсой -Тамдиқ оғоз карда, бо ин амали хеш боиси сар задани муноқиша гаштанд. ҳамчунин маълум гардид, ки  раиси деҳаи Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон  Роза Усарова “аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.”

Аз манбаъҳои мӯътамад бармеояд, ки дар натиҷаи тирпарронии марзбонони қирғиз ва сангпартоии сокинон он ду нафар ба ҳалокат расида, беш аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

ҳамагон огаҳанд, ки аз давраҳои пеш сокинони ин маҳалҳо дар ҳамҷоягиву ҳамсоягӣ ва риштаҳои хешутаборӣ аҳлона зиндагӣ доштанд. Вале дар даврони соҳибистиқлолии кишварҳо масъалаи марзии ин минтақаҳо солҳост роҳи ҳалли хешро наёфта буду  чанд сол қабл бинобар гуфтушунидҳои сулҳҷӯёнаи тарафайнии роҳбарони давлатҳо  “Созишномаи истифодаи роҳҳои мошингарди наздисарҳадӣ” ба имзо расида буд. Чанд рӯз инҷониб дар ҳайрат ҳастам, ки чаро  ҳоло мардуми  қирғиз он риштаи дӯстиву рафоқатро ба инобат нагирифтаву чун душмани ғаддор  ба чунин амалҳои ноадолатона даст мезананд.

Паси ҳамаи ин бадхоҳиҳои чанд тани манфиатҷӯ ҳаёти ҳазорҳо мардуми осоишта меистад, ки ин амалро мо маҳкум менамоем.

М.Самадова,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh