Бояд байни ду кишвари ҳамсояву дӯст нифоқ набошад

Воқеан ҳам пас аз изҳороти Маркази матбуоти Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир ба ҳодисаи ғайриинсонии ҷониби Қирғизистон аксари мардуми кишвар нигарон намудааст.

Дар пайи ин ҳодиса ҳатто ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Ҳусейн дар қаламрави шаҳри Исфара ба ҳалокат расиданд ва мо хуб огаҳӣ дорем, ки бо барангехтани чунин воқеаҳои мудҳиш дар ин минтақаи сарҳадии кишвар чандин нафар ба ҳалокат расида, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Тагисада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷа Аълои Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шудаанд.

Ин, албатта, ба оини неки ҳамсоягӣ рост намеояд, ки чунин муносибатро маҳкум менамоем. Тавре аз гузориши масъала бармеояд саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткент Роза Усарова мебошад, ки ин иқдомро барои ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст. Яъне зоҳиран ҳамин гуна аст. Вале, маълум аст, ки ҳодисаи мазкур пас аз оғози  сохтмони роҳи «Коктош – Оқсой - Тамдиқ» ба вуқӯъ пайвастааст. Шуруи корҳо дар ин қисмати сарҳад хилофи қарордоди байни ду кишвар Тоҷикистон ва Қирғизистон  ба шумор меравад. Ҷумҳурии Қирғизистон бояд эҳсос кунад, ки дар шароити кунунӣ ба вуқӯъ пайвастани чунин воқеаҳо ба фоидаи ҳарду ҷониб намебошад. Мо мардуми тоҷик намехоҳем, ки байни ду кишвари ба ҳам дӯст ва бародар ягон хушунату нифоқ ба вуҷуд ояд. Бояд ин масъаларо низ онҳо эҳсос кунанд.       

Абдуллоев РОМИЗ,
сардори Раёсати илм ва инноватсияи ДДХ
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh