Куштор набояд бе ҷазо монад!

Имрӯз дар расонаҳои хабарӣ муноқиша ва баҳсҳои зиёд бобати ҳодисаи нохуши байни ду давлати ба ҳам наздик - Тоҷикистону Қирғизистон рафта истодааст. Тавре огаҳ ҳастем, дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Ворухи Исфара тирпарронии марзбонони қирғиз дар дохили маҳаллаи тоҷикон ба вуқӯъ пайвастааст. Дар натиҷа ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расида, 20 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар шабакаҳои интернетӣ омадааст, ки марзбонони тоҷик шаҳрвандони Қирғизистонро айбдор карданд, ки ба сохтани роҳи баҳсии Кӯктош-Оқсой - Тамдиқ оғоз карда, ба муноқиша роҳ додаанд. Марзбонони тоҷик раиси деҳаи Оқсой Роза Усароваро айбдор карданд, ки “аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.” Як нафарро айбдор кардану ба хотири сухани гуфташуда яроқ ба даст гирифтан мантиқ надорад. Беҳуда «Зери коса нимкоса» намегӯянд, зеро аз рӯи баҳсҳо ҳар инсони равшанфикр огаҳ мегардад, ки дар паси ин бедодгариҳо шахсоне ҳастанд, ки манфиати худро аз манфиатҳои кишвар боло дониста, барои ба вуҷуд овардани нофаҳмӣ ва халалдор сохтани сулҳу осоиштагии мардуми тоҷик саҳм доранд. Чунин шахсонро «ВАТАНФУРӮШ» ва «ХОИН» меноманд. Аз тарафи дигар, чаро кишвари ҳамсоя ба тирпарронӣ ҷуръат кард? Шояд барои онҳо қонуну қарор, иззату эҳтиром ва дӯстию бародарӣ маъние надошта бошад?!   

Кӣ ба онҳо ҳуқуқи ба асир гирифтану махкам кардани роҳро додааст? Бе супориши махсус ва бе нақша ин кор амалӣ намегардид!    

Аслан, куштор ва захмӣ кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ва баҳсу талоши онҳо мантиқан кори хатост, зеро бо яроқу аслиҳа наметавон муаммои ба вуҷудомадаро ҳал кард! Бо вуҷуди ин набояд фаромӯш кард, ки ба даст яроқ гирифтану ба ҳар сухани гуфташуда тир парронидан ҷавобгариро тақозо мекунад.  

Имрӯз замоне омада, ки мо, тоҷикон, марзи худро аз чунин бедодгариҳо эмин созем. Нафароне, ки дар ин амали номардона даст доранд, бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд! Набояд хуни ноҳақ рехташуда бе ҷавоб монад! Агар имрӯз ба ин амали «ҳамсояҳо» чашм пӯшем, фардо боз даҳҳо нафари дигарро асир мегиранду мепаронанд.  

Пурмоҳи ОЛИМӢ

Add comment


Security code
Refresh