Ҷумъабой Сангинов: Куҷое моҷарое буд, Усарова ҳозир буд…

Андешаҳои Ҷумъабой Сангинов, собиқ муовини раиси вилояти Суғд, собиқ раиси ҳайати ҳукуматӣ дар гуфтушунид бо ҷониби Қирғизистон.

— Устод, айни замон дар сарҳади Тоҷикистону Кирғизистон боз муноқиша авҷ гирифтааст ва ба қавли маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ аз чониби Қирғизистон ба он Роза Усарова ном зан, вакили махаллӣ, роҳбарӣ мекунад. Шумо замоне муовини раиси вилояти Суғд будед ва ҳайати Тоҷикистонро дар вохӯрӣ бо Қирғизистон роҳбарӣ мекардед. Шумо ин занро мешинохтед?

— Дар бораи шахсияти ӯ чизе намедонам. Як бор дар ҷараёни корбарӣ бо номбурда вохӯрда будем. Медонистам, ки ҳама вақт агар ягон муносибат, ягон моҷаро дар ягон гӯшаи сарҳад бо Қирғизистон пайдо мешуд, дар он ҷо Роза ҳозир буд.

— Яъне, роҳбарӣ мекард?

— Гуфтан мушкил аст, ки роҳбарӣ мекунад. Ман инро дақиқ гуфта наметавонам, вале ҳамеша дар ҳамон ҷо ҳозир буд. Як шахсияте буд, ки ҷавҳари конструктивии камтар дорад. Ҷавҳари муътадилсозии  вазъиятро камтар дорад. Зиёдтар ҷавҳари хурӯҷу авҷ додани ҳамин гуна низоъҳо барои вай муҳимтар аст.

Ҳангомасозиро гуё дӯст медорад, вале ӯро аз наздик намедонам, чун зарурати омӯхтани шахсияти вай барои ман зарурат надошт. Дар вақти кор кардани мо ӯ нафаре набуд, ки мо ба вай таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунем. Лекин хама вақт дар кадом деҳае, ки низоъ ба амал меомад, Роза Усарова дар ҳамон ҷо пайдо мешуд.

— Шояд ин на танҳо ҳангомаҷӯӣ бошад? Мумкин дар паси ин амали вай манфиате бошад?

— Ман  ҳеч чиз гуфтан наметавонам. Худатон медонед, дар ҳаёт бисёр нафароне пайдо мешаванд, ки ҳангомаҷӯянд. Ин ҳангома мумкин манфиатҳои муайян дошта бошад.

— Ташаккур, устод.

Суҳбати Сабрина Ғафурдухт, МТЖТ, махсус барои Суғднюс

Add comment


Security code
Refresh