Гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расид

Нимаи дуюми рӯзи 18 марти соли равон баъди гуфтушунид гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаҳои муноқишаи наздимарзӣ, ки санаҳои 13 ва 14 марти соли равон дар минтақаи наздимарзии ноҳияҳои Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон рух дода буданд, ба мувофиқа расид.

Чуноне роҳбари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба хабарнигорон иттилоъ дод, тарафҳо ба мувофиқа расида, протоколи созишро ба имзо расониданд. Тибқи он ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар тақвият дода шуда, дигар масоили мубрами ба миён омада ҳал хоҳад гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим афзуд, ки шурӯъ аз ҳамин рӯз роҳи мошингарди Исфара – Ворух боз гардида, ин роҳ аз ҷониби сохторҳои қудратии ду кишвар мавриди назорати шабонарӯзӣ қарор дода шуда, монеаҳо барои ҳаракати нақлиёт бартараф карда мешаванд. Ҳамзамон, роҳи мазкур аз деҳаи Хоҷаи Аъло то шаҳраки Тоҷикон бо фарогирии роҳи деҳаи Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон мумфарш мегардад.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки гунаҳкорони ин моҷаро, ки боиси марги ду нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 20 нафар сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаанд, бояд дастгир ва ба ҷабовгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи Боткент – Оқсой - Тамдиқ ба хотири убури чорво идома медиҳад ва дар баробари ин ду километр дуртар аз ҷануби деҳаи Оқсой роҳи мошингарди Ворух – Тоҷикон – Исфара сохта мешавад.

Роҳбари гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон муовини Сарвазири ин кишвар Жаниш Разаков низ ба хабарнигорон иттилоъ дода, изҳор дошт, ки ҷонибдори амалишавии бандҳои созишномаи мазкур, ки ба таҳкими муносибатҳои ҳасанаи ин ду кишвари ҳаммарз мусоидат хоҳад намуд, мебошад.

Ба хотири назорати риояи бандҳои қарордод комиссияи муштарак таҳти сарварии роҳбарони вилоятҳои Суғду Боткент таъсис дода мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh