Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон

Дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 19 март дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бӯстон мумфаршкунии як қатор кӯчаҳо шуруъ шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо дуои пирони рӯзгор ба мумфаршсозии роҳи кӯчаҳои Фирдавсӣ, Мақсудҷон Танбурӣ, Ҳаким Карим ва академикон Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳои шаҳри Хуҷанд ва кӯчаҳои Душанбе, Гагарин ва Репкинаи шаҳри Бӯстон оғоз бахшид.

Зимни оғози корҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят бунёди беш аз 6500 иншооти таъиноташон гуногун бомаром идома дорад. Дар ин раванд тибқи нақшаҳои тасдиқгардида дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо километр роҳҳои аҳмияти маҳалливу ҷумҳуриявидошта низ таъмиру навсозӣ карда мешавад.

Итилоъ дода шуд, ки мумфаршкунии кӯчаҳо бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ карда мешаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 таъмиру азнавсозии зиёда аз 33 километр роҳҳои шаҳр ба нақша гирифта шудаааст. Дар шаҳри Бӯстон бошад соли равон беш аз 10 километр роҳҳо навсозӣ хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh