Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент

Бар асари боронҳои пайдарпайи шаби 5 апрел дар Ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент сел омад, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматии бархе аз сокинон аз лойу об зарар дид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент аз деҳаи Амондара боздид намуда, бо сокинон суҳбат кард.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дастур дод, ки техникаҳои заруриро ҷудо намуда, барои тоза сохтани сой ва анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Тазаккур дода шуд, ки барои тоза кардани сой ва корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh