Бабри барфӣ ба ҳифз эҳтиёҷ дорад

Семинари минтақавӣ

Санаҳои 10-12-уми апрели соли равон дар осоишгоҳи «Баҳористон»-и шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ-Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия, кормандон, олимон ва мутахассисони ҳифзи муҳити зист, намояндаи Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Тоҷикистон  семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ» доир гардид.

Дар семинар мавзӯъи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он дар табиати байни марзӣ, таҷрибаи давлатҳо ва амалияи беҳтарин, мониторинг, баъзаи маълумот ва мубодилаи иттилооти давлатҳои минтақа барои нигаҳдории самараноки экосистемаи бабри барфӣ дар Осиёи Марказӣ, механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ ва пуррагардонии аҳдномаи давлатҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокимаву хулосабардорӣ қарор дода шуд.

Дар семинар зикр гардид, ки бабри барфӣ дар 12 давлати олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон сукунат дорад. Ивазшавии иқлим, афзоиши таъсири инсон ба экосистемаҳои табиат, бемеъёр чарронидани чорво, коркарди қитъаҳои замин барои кишоварзӣ, вайроншавии хок ва сохтани роҳҳо аз масоили глобалӣ мебошанд, ки ба афзоиш ва нигоҳдории бабри барфӣ ва маҳалли паҳншавии он таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Дар кори семинар қайд гардид, ки 20 қаторкӯҳ дар Тоҷикистон: Помир- Олой ва Тиёншон минтақаи зиндагӣ ва афзоиши бабри барфӣ буда, расман шикори ин ҳайвон чун ҳайвони нодири таҳти ҳифзи давлат қарордошта, аз соли 1988 пурра манъ шудааст.  Дар Тоҷикистон тахмин то 220 ҷуфт бабри барфӣ буду бош доранд. Аз қадимулайём бабри барфӣ дар ривояту асотирҳои давлатҳои гуногуни олам, аз ҷумла ниёгонамон чун озодапаланг оварда шуда, он нишони шуҷоат, мардонагӣ, баландмартабагӣ, ғолибият ва қувват аст.

Айни ҳол дар тамоми олам аз 4 ҳазор то 6 ҳазору 500 бабри барфӣ боқӣ мондааст. Шикори ғайриқонунӣ ва ивазшавии иқлим хатарҳои асосӣ барои зинда мондани ин ҳайвони нодир мебошанд.  

Аз тарафи мақомоти дахлдори давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти ҳифзи табиат Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоти байналмилалӣ вобаста ба нигаҳдорӣ ва ҳифзи ин ҳайвони нодир чораҳои мушаххас ва чорабиниҳои оммавӣ гузаронида мешаванд. Барои ҳифзи бабри барфӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ соли 2013 декларатсияи Бишкек ва барномаи глобалӣ оид ба нигаҳдории бабри барфӣ ва экосистемаҳои он қабул гардидааст. Барномаи мазкур муштарак буда, дар 12 давлат амалӣ мегардад.

Ҷалби аҳолии маҳалҳо ба нигаҳдории экосистемаҳо ва ҷалби ашхоси масъул ба ҳифзи табиат, гузаронидани як қатор барномаҳои омӯзишӣ дар макотиб ва корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ таи солҳои охир самараи хуб овардааст. Одамон нигоҳдории гуногунии биологӣ, масъулияти ҳифзи табиат ва боигариҳои онро бештар дарк намуда, дар ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ бештар саъйу кӯшиш доранд.

Дар семинар бори дигар муҳимияти нигоҳдории бабри барфиро ҳамчун ҳайвоноти нодир ва амалӣ намудани чорабиниҳои ҳамаҷонибаро барои ҳифзу нигаҳдории ин ҳайвон дар ҳамаи давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки барои ҳифзи самараноки экосистемаҳои бабри барфӣ дар Осиёи Марказӣ мониторинги минтақавӣ ва системаи ҳисоби маълумотҳо бо технологияҳои навин, ҷалби ҷамоатҳо ба мониторинг ва ҳифзи экосистемаҳо ба роҳ монда шудааст.

- Ҳар як давлат аллакай таҷрибаи худ ва нияти пешниҳоди амалияи беҳтарини чорабиниҳоро барои ҳифзи бабри барфӣ дорад. Имрӯз корҳои ба иҷро расида, аз ҷумла таҳқиқоту мониторингро ҷамъбаст намуда, мо метавонем масъулияти навро барои ноил гардидан ба нишондоди муҳим «Нигоҳдории 20 манзараҳо то соли 2020» ба дӯши худ гирем, - қайд намуд дар баромадаш муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзод Сайдулло Назар.

Дар фарҷоми семинар намояндагони чор давлати минтақа - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон меморандум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ доир ба масъалаи ҳифзи бабри барфӣ, объектҳои шикори ӯ, экосистемаҳо ва манзараҳо дар Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олойро ба имзо расониданд.  

Умед аст, ки масъулини соҳа барои ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ ва экосистемаҳо минбаъд низ чорабиниҳои самарабахш андешида, маърифати экологии аҳолиро тақвият мебахшанд. 

 Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh