МАКОНИ ФАРОFАТӢ Ё …

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имконият медиҳад, ки мавзеъҳои таърихиву фароғатиро ободу зебо гардонида, барои сайругашти сокинон шароити мусоид фароҳам оварем. Дар баробари корҳои ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбонҳо дар ноҳияи Спитамен мавзеъҳоеро вохӯрдан мумкин аст, ки ба ҳусни ноҳия доғ оварда, табъи сокинонро хира ва монеи сайругашти онҳо мешавад. Чунин мавзеъро зимни сафари корӣ дар ноҳияи Спитамен бо чашм дидем.

Дар маркази ноҳия, воқеъ дар хиёбони ба номи «Спитамен» роҳравҳои пиёдагардие ба мушоҳида расид, ки сафолакҳояш шикаставу кафидаанду боиси ноустувор роҳ рафтани одамон мегардад. Дар атрофи он бошад, қуттиҳои пур аз партов ва зиёда аз ин партовҳои беруни он ҳусни хиёбонро коста гардонида, фаввораи байни ин мавзеъ бо бӯи ғализу партовҳои дарунаш табъи истироҳаткунандагонро хира мегардонад. Суоли матраҳ ин аст, ки наход масъулин ин ҳолатро боре мушоҳида накарда бошанд? Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки як қисми кӯчаю хиёбонҳоро ба қавле «сараму дилам» сафолакпӯш кардаву баъди чанд муддат он аз ҷо беҷо гардида, нафари гузаранда бояд бодиққат роҳ равад, то нохост пояш лат нахӯрад!... Ҳамчунин дидам, ки ҷойи баъзе аз сафолакҳои шикаста бо хок пур карда шудаасту халос.

Ҳолати дигареро низ мушоҳида намудем, ки алафҳои бегонаи худрӯй атрофи Муҷассамаи Спитаменро иҳота намуда, онро «зеб» дода истодаанд. Лозим ба ёдоварист, ки макони мазкур дар маркази ноҳия ва сари роҳи асосӣ ҷойгир буда, ҳар нафари ба саёҳат омада аз ин мавзеъ гузар менамояд. Дар зери сафолакҳои даромадгоҳ, алафҳо ба монанди гул, кӯчаро «оро» дода бошанд, нишастгоҳҳои шикаставу ифлосиҳои наздаш бошад, ҳоҷати сухан гуфтанро намемонад. Ҷӯйборҳои роҳи назди бозори марказии ноҳия пур аз ифлосиҳои зиёд буда, дар фасли гармо ҳамагуна бӯй ихроҷ карданаш мумкин аст, ки ин албатта ба саломатии сокинон бетаъсир нахоҳад монд.

Дар соли рушди деҳот, агар дар маркази ноҳия чунин ҳолат вуҷуд дошта бошад, пас ҳоҷат ба гирду атроф ва деҳаҳои ноҳия намемонад. Маркази ноҳия бояд ободу зебо ва намунавӣ бошад, зеро меҳмонону сайёҳон асосан аз ин роҳ гаштугузор мекунанду аз ҷойҳои таърихӣ, истироҳатию фароғатӣ дидан менамоянд.

Ҳамчунин, дар хиёбони мазкур ҳолати ногувори девори афтодаи гирду атрофи он ба назар мерасид, ки хеле ҳузнангез буд. Аз гулҳои садбаргу лолаҳо бошад, ягон нишоне ба чашм намерасид, танҳо алафҳои худрӯй ба ҷои гулҳои ороишӣ худро ба “намоиш” гузоштаанду халос…

Аз ин муносибати масъулин ба ин мавзеи фарҳангиву фароғатӣ, ки мавзеи сайру гашти сокинон ба ҳисоб меравад, дар ҳайрат мондем, ки наход маркази ноҳия то ба чунин ҳолат расидаасту ба ислоҳи он чорае наандешидаанд. Ҳол он ки ҳанӯз ин мавзеъ бояд соли гузашта, дар соли рушди сайёҳӣ ободу зебо мегардид.

Мо дар сафарҳои пешина низ чунин ҳолатро мушоҳида намуда будем ва бо гузашти қариб як сол ҳолат бадтар асту беҳтарӣ нест! Масъулини соҳа ба ин ҳолати мавҷуда чӣ мегуфта бошанд?!

Истамҷони НАҶМИДДИН,
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh