Ҳавсала гарон, ранги кор ҳамон?

Собиқадори соҳаи маориф ҳастам. Беш аз 50 сол мешавад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳм мегузорам. Имрӯзҳо аз корҳои ободониву созандагӣ ва сарсабзу гулу лолазор гардидани боғу хиёбон ва шафати кӯчаву роҳҳо, аз ҳама фараҳовараш ворид шудани автобусҳои мусофиркашони замонавӣ ба маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд хушнуд гардида, ба маданияти шаҳрдории роҳбарияти вилояту шаҳр пайваста миннатдорӣ баён менамоям. Лекин вақтҳои охир аз ҳолати хизматрасонии автобусу микроавтобусҳо ва рафтори баъзе сокинони вилоят, ки ба заҳмати кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр хунукназарона рафтор менамоянд, водор намуд, ки қалам ба даст гирифта, андешаҳои хешро рӯи коғаз оварам.

Вақте автобусҳои замонавии зебо ба шаҳри Хуҷанд ворид шуданд, хурсанд гаштем, ки акнун хизматрасонӣ ва маданияти мусофиркашонӣ аз ҷониби ронандагони ботаҷрибаи ба таври озмун пазируфташудаи КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» баланд мегардад. Зеро мардуми шаҳр солҳост, аз бенизомии гаштугузор ва ба қоидаҳои роҳу фаровардани мусофиронро риоя накардани ронандагони микроавтобусҳо дар дохили шаҳр дилгир гашта буданд. Онҳо ба қавле «худашон шоҳу табъашон вазир» дар куҷое, ки хоҳанд нигоҳ дошта, одам мегирифтанду дар куҷо мусофирон манъ кун гӯянд, медоштанд.

Имрӯзҳо хушбахтона, бо дастгирии роҳбарияти вилоят сад автобуси боҳашамати замонавӣ ворид гардида, дар ҳафт хатсайр ба сокинону меҳмонони шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизмат мерасонанд.

Лекин мушоҳида кардам, ки ронандаҳои онҳо ҳам ба монанди микроавтобусҳо дар ҷойҳое хоҳанд мошинро манъ намуда, мусофиронро мегиранду мефароранд. Имрӯзҳо дар дохили шаҳр беш аз даҳ истгоҳи замонавии зебо бунёд гардида, боз истгоҳҳои дигар дар бари кӯчаҳои марказии шаҳр сохта шуда истодаанд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани маданияти хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Ҳаминро бояд зикр намоям, ки дар ҳақиқат ба меҳнату заҳмати кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр дилам месӯзад.

Зеро вақтҳои охир бинобар идомаи сохмони истгоҳҳои нав дар кӯчаи марказии шаҳр - паҳлӯи хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ дар гардишгоҳи чорроҳаи маҳаллаи 20 - ум, поёнтари мағозаи «Раҳимӣ» автобусу микроавтобусҳо истгоҳи муваққатӣ ташкил кардаанд, ҳангоми фаромадан ва баромадани мусофирон ба автобусу микроавтобусҳо ҳатман онҳо дар шафати роҳ гулҳои шинонидаи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки зеби мавзеъанд, хоҳ нохоҳ зер карда мегузаранд. Ба фикрам, бисёр гуноҳи азим заҳмати кормандонро қадр накардан ва ин нишонаи коҳиш ёфтани маданияти шаҳрдорӣ мебошад. Инчунин, ин истгоҳи муваққатӣ ба гаштугузори дигар нақлиётҳо дар чорроҳаи мазкур халал эҷод менамояд.

Боз муаммои дигар якбора аз байн рафтани чиптаи роҳкиро дар автобусҳо аст. Боварии комил дорам, ки бе ин амал ҳар рӯз чанд ҳазор маблағ ба хазинаи коргоҳ ворид нашуда, роҳгум мезанад. Бепарвоии дигар аз тарафи роҳбарияти муассисаи нақлиёти мусофиркашони шаҳр он аст, ки кор накарда, аллакай ҳавсалаашон магар пир шудааст. Зеро мардум вақти бештари хешро дар интизори автобусҳо гузаронида, гоҳо маҷбур мешаванд, аз баҳри онҳо баромада, ба микроавтобусҳо ё таксиҳо савор шаванд. Роҳбарияти муассисаи мазкур ва шахсони масъул бояд бобати ин муаммоҳои ҷойдошта чораҳо андешанд.

Маҳмадназир АҲМАДОВ,
Корманди шоистаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh