Машқҳои мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ҷамъбаст шуд

20 апрели соли равон дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят даври ҷамъбастии машқҳои мукаммали зернизоми Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавзўи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳо ҳангоми ба амал омадани заминларза» баргузор гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки рӯзҳои 18 ва 19 апрел дар шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқҳои мукаммал гузаронида шуда буд. Давоми ин рӯзҳо дар се марҳила тавассути панҷ бонги шартӣ дар машқ қувва, техника ва воситаҳои сохторҳои зернизоми ҳудудии Низоми ягона ва хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳрҳо ҷалб гардида, ҳамоҳангии онҳо ҳангоми сар задани ҳолати фавқулода пурра санҷида шуданд.

Ба машқҳо Комиссияи ҳудуди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ҳолатҳои фавқулода, раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят, зернизоми вазифавии зернизоми ҳудудии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон, комиссияҳои ҳудудии шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода, мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот ва кумитаҳои маҳаллаи шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон ҷалб гардиданд.

Дар даври ҷамъбастии машқҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, баргузории чунин тамринҳоро барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Дар анҷом ба фаъолони машқи мазкур Сипоснома ва Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh