Дар машварати кории Раиси вилоят ҷараёни омодагиҳо ба ташкил ва баргузории Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ шуд

Нимаи дуюми рӯзи 25 апрел дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар машварати корӣ, ки бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои вилоятӣ, инчунин муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва масъулини соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш доир шуд, ҷараёни омодагиҳо ба ташкил ва баргузории Рўзи ҷавонони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози машварат иброз дошт, ки самараи иқдомоту дастгириҳои доимии Ҳукумат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки имрўз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ илму дониш ва касбу ҳунар меомўзанд ва ба хотири ободиву пешрафти кишвари маҳбубамон фаъолона саъю талош менамоянд.

-Раванди ҷаҳонишавӣ дар асри ХХI ҳамчун даврони пешрафти бесобиқаи илму технология моро водор месозад, ки барои тарбияи истеъдодҳо аз ҳисоби насли наврас ва ҷавонон, яъне ба воя расонидани кадрҳои замони нав ва номбардорони ояндаи миллат аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, ҷиҳати таълиму тарбияи шоиста ва камолоти маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам созем, - таъкид кард Раиси вилоят.

Зикр гардид, ки Мақомотии иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар самти тарбияи кадрҳои ҷавон барои ҳамаи соҳаҳо, дастгирии ҳамаҷонибаи мутахассисони ҷавон, варзишгарон ва беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Имрўз дар вилоят 6 донишгоҳу донишкада амал мекунад ва дар онҳо беш аз 43 ҳазор ҷавонони лаёқатманд бо таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин ҳисоб 95 нафар гирандагони Стипендияти Президентӣ ва 130 нафар гирандагони стипендияи Раиси вилоят ҳастанд. Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии вилоят низ назаррас буда, беш аз 50 нафар вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз ҳисоби ҷавонон интихоб шудаанд ва беш аз 670 нафар кадрҳои роҳбарикунанда дар ташкилоту муассисаҳои  вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷавонон мебошанд.

-Дар баробари дигар тадбирҳои муҳим 22 сол инҷониб дар мамлакат бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Дар асоси Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рўзҳои ид” дар радифи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ ҷашн гирифтани ин сана, ки нишони таваҷҷўҳи хосаи Пешвои миллат ба насли ояндасоз маҳсуб мешавад, водор месозад, ки дар маҳалҳо низ барои таҷлили хотирмони ин санаи таърихӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд,-илова намуд Раиси вилоят.

Ҳамин тавр, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонон дар назди масъулин ҷиҳати ташкили силсилачорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани Фестивали дўстии ҷавонон дар деҳаҳои дурдасти шаҳру ноҳияҳо бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ташкили мусобиқаҳои варзишии дўстона байни кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо, чорабиниҳои варзишӣ бо иштироки ҷавонон ва наврасони синни тодаъватӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, конфронсҳои илмӣ, ба роҳ мондани аёдати ҷавонони имконияташон маҳдуд, ятимони кул ва ҷавонони камбизоат, дар сатҳи баланд доир намудани вохўрии раисони шаҳру ноҳияҳо бо ҷавонон ва дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани маросими тантанавии ҷамъбастии таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар вилоят вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh