Раиси вилоят иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Аҳрулло Саидов ва Малинина Робига ташриф оварда, эшонро бо фарорасии 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуд.

Раиси вилоятро муовини вазири маориф ва илми Ҷуҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд низ ҳамроҳӣ намуданд.

Ба аёдатшудагон кӯмакпулии якдафъаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилояти Суғд дар ҳаҷми 2000 сомонӣ ва кӯмакпулии роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 1500 сомонӣ тақдим карда шуд.

Иштирокчиёни ҶБВ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки имрӯзҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар саросари вилоят чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла аёдати иштирокчиёну маъюбони ҶБВ идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh