СОҲИЛИ СИРДАРЁ ОБОД МЕГАРДАД!

Дар доираи сабзкорию ободкориҳо бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҳамчунин муаррифии соҳаи сайёҳиву ҷалби бештари сайёҳону гардишгарон дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд сохтмони иншоот ва бунёдкориву ободонӣ бомаром идома дорад. Шаҳри Хуҷанд нисбат ба солҳои пешин зебову обод ва гулпӯшу сарсабз гардидааст. Гулҳои рангоранги баҳорӣ ва дарахтони ҳамешасабз ба шаҳр ҳусни нав зам кардааст.    

Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд 5 мавзеи шиноварӣ дар назди соҳили Сирдарё бояд бунёд гардад. Дар ин раванд чанде пеш роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шуда буданд, ки барои тоза нигоҳ доштани соҳили дарё тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Боиси қайд аст, ки соли гузашта бо ибтикори Раиси вилоят обутобгоҳ (дар рӯ ба рӯи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд) ба пуррагӣ таъмир ва бақарор шуд. Соли сипарӣ сокинону меҳмонон бо хушнудӣ ба шиноварӣ меомаданд. Мавзеи мазкурро макони беҳтарини шиноварии шаҳр номидан мумкин аст.    

Даврон Шокиров сардори сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд:

- Алҳол дар шаҳри Хуҷанд як обутобгоҳ ҳаст ва дар фасли тобистон сокинон ва меҳмонон дар он ҷо оббозӣ мекунанд. Боқимонда обутобгоҳҳое, ки солҳои пеш амал мекарданд, аз ҷониби Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ барои шиноварӣ манъ  шудааст. Ҳоло дар кӯчаи Раҳмон Набиев, наздикии чойхонаи Сирдарё обутобгоҳи замонавӣ бунёд шуда истодааст. Дар он ҷо майдони бозии волейболу баскетбол ва ҷой барои ивази либос сохта мешавад.

Барои огаҳии бештар пайдо намудан аз рафти корҳои сохтмониву ободонии гирду атрофи соҳил ба ин мавзеъ раҳсипор шудем. Аён буд, ки дар ин ҷо нав ба корҳои ҳамворкунӣ оғоз карда, заминро омода менамоянд. Чанде аз сохтмончиён бо таъмири булдозер машғул буданд.

Чун аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ пурсон шудем, изҳор доштанд, ки се рӯз инҷониб корҳоро оғоз кардаанду вале муҳлати ба охир расидани он маълум нест. То мавсими шиноварӣ вақт хеле кам мондааст. Оё дар муддати кӯтоҳ обутобгоҳи замонавиро сохта, ба истифода додан мумкин аст? Инро танҳо вақт нишон медиҳад.

Дар ин ҷода масъулин бояд муҳимияти сохтмонро дарк кунанд, зеро дар таътили тобистона ҷавонону наврасон аз оворагардӣ дур гашта, бо обутоби бадан, алалхусус, шиноварӣ машғул мешаванд.

Наргизаи Воҳидзода - сокини кӯчаи ба номи Абдулло Норов:

- Аз оғози сохтмони обутобгоҳи нав хушнуд шудем, зеро он дар наздикии кӯчаи мо буда, акнун бо аҳли оилаамон метавонем ҳар бегоҳ дар он ҷо истироҳат кунем. Дар соҳили рӯ ба рӯ обутобгоҳи замонавӣ ҳаст, вале ростӣ барои то он ҷо расидан бароямон нақлиёт лозим буд. Акнун пас аз бунёди обутобгоҳи нав ягон монеа вуҷуд надорад. Умед мебандем, ки он то фасли тобистон ба пуррагӣ сохта мешавад.        

Сипас, ба назди пули Ҷашнӣ, ки сокинон дар фасли гармо бештар ба он ҷо барои истироҳат мераванд, равон шудем.   

Гирду атроф аз алафҳои бегона пур шудааст. Гӯё дар он соҳил фасли сармо паси сар нашуда бошад. Ҳолати кунунии он ҳузнангез буда, касро ба ҳайрат меорад. Наход баробари чунин ободкориҳо назди соҳили дарё аз назарҳо дур монда бошад.  

Алиҷон варзишгар буда, ҳар субҳ дар ин мавзеъ бо машқу тамрин машғул мешавад. Ӯ мегӯяд, ки касе ин маконро барои обод кардан наомадааст.

- Тобистон ин ҷо сокинони зиёд барои истироҳат меоянд. Мутаассифона, то ҳол аз ҷониби масъулин, алалхусус кормандони ҳифзи муҳити зист нисбат ба тоза нигоҳ доштани атроф чораандешӣ нашудааст. Ин маконро бесоҳиб номидан ҳам мумкин аст.

Дар соҳили боғи Ғалаба низ ҳолат нигаронкунанда буда, ба як мавзеи бесоҳиб мубаддал ёфтааст. Дар назди соҳил ду нафарро вохӯрдем, яке моҳӣ медошту дигаре партовҳоро мебардошт. Дар бобати вазъи кунунии соҳили дарё онҳо чунин изҳори нигаронӣ карданд:

- Солҳои пеш нафарони зиёде барои шиноварӣ ҷамъ мешуданд, вале имрӯз дар ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст. Шояд аз ҳамин сабаб ин макон ба мавзеи бекас ва нообод мубаддал шудааст. Баъзе нафарон партовҳоро ба даруни халта андохта, ба дарё мепартоянд ва касе парвои ифлосии обро надорад. Гоҳҳо худ партовро аз дарё мебарорам, вале аксар вақт он байни қамишҳо муддати зиёд меистад. Ба кормандони муҳити зист муроҷиат карданиам, ки чаро нисбат ба тозагии соҳилҳо хунукназарӣ мекунанд, партовҳои ба дарё ва соҳил ҷамъшуда кай тоза мешавад?                

Тавре аз Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граҷданӣ дар вилояти Суғд маълумот доданд, барои аз ғарқшавӣ нигоҳ доштани сокинон ва сайёҳон дар соҳилҳои хатарноки дарёи Сир навиштаҷотҳои огоҳкунандаи “Диққат!!! Дар ин мавзеъ оббозӣ кардан манъ аст. Ҳаёти худро зери хатар нагузоред!” ва “Минтақаи хавфнок!” гузошта шудааст.            

Дар воқеъ, гирду атрофи соҳилҳои Хуҷандшаҳр ба ободӣ ниёз дорад. Новобаста аз оне, ки аз ҷониби Раёсати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граҷданӣ барои шиноварӣ иҷозат дода нашудааст, масъулинро мебояд соҳилҳои Сирдарёро аз алафҳои бегонаву партов тозаву гирду атрофро обод намоянд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh