Дар соҳили Сирдарё маҷмааи истироҳатию фароғатӣ сохта мешавад

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои сохтмонии маҷмааи истироҳатию фароғатӣ оғоз бахшида шуд.

Маҷмааи истироҳатию фароғатӣ дар соҳили чапи дарёи Сир ва паҳлӯи чойхонаи Сирдарё, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев бунёд мегардад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки маҷмаа аз шиногоҳи нав, майдончаҳои варзишӣ барои бозии футболу волейбол, теннис, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат аст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо масъулин таъкид кард, ки ин мавзеъ дорои имкониятҳои хуби истироҳатӣ буда, бо бунёди чунин иншоот дар соҳили Сирдарё метавон теъдоди бештари сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб намуд. Танҳо роҳбарияти шаҳр ва ниҳодҳои марбутаро зарур аст, ки барои аз иншооти гуногун тоза намудани соҳили дарё чораҷӯӣ намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон ба масъулини Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дастур дод, ки барои дар сатҳи баланд омода намудани шиногоҳи нав тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон бунгоҳи назоратӣ таъсис диҳанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


 

 

Add comment


Security code
Refresh