Ҳалли дархост ва муносибати дилсӯзона

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Панҷакент, ки 4 - уми майи соли равон доир гардид, 57 нафар оид ба масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.

Бояд гуфт, ки муроҷиатҳои сокинон асосан ба масъалаҳои замин, кишоварзӣ, сохтмон, манзил ва баҳси он, таъминот бо ҷои корӣ, муаммоҳои оби полезию нӯшокӣ, вобаста ба роҳ, маориф ва фарҳанг, шикоят нисбат ба рафтори шахсони алоҳида, кӯмаки моддию молиявӣ, оид ба ҳуҷҷатгузориҳо ва ғайра ба роҳбарият буда, аксари онҳо аз шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти Амондара, Вору, Ёрӣ, Косатарош, Лоиқ Шералӣ, Сӯҷина, Саразм, Хурмӣ, Фароб, Рӯдакӣ, Халифа Ҳасан, Шинг ва Чинор буданд. Аз ҷумла, дар рӯзи қабул Бозор Исоев - сокини деҳаи Амондараи Ҷамоати деҳоти Амондара оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, Абдулло Ғафуров - сокини деҳаи Дашти маллаи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ оид ба сохтмони чойхона дар деҳаи Дашти малла, Маҳфиза Мустафоева - сокини деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд.

Раиси шаҳр бобати иҷрои саривақтии муроҷиатҳо ба масъулини соҳаҳо супоришҳои мушаххас дод. Бино ба маълумоти масъулин дар давоми чор моҳи соли ҷорӣ муроҷиати шифоҳии шаҳрвандони шаҳру деҳоти Панҷакент дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон 675 нафар буда, аз рӯи масъалаҳои гуногун ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд. Муроҷиатҳои шаҳрвандон дар варақаҳои назоратӣ ба қайд гирифта, мавриди иҷро ва баррасӣ қарор дода шуданд, ки айни замон аз ин миқдор 102 - тои он қонеъ, 68 - тояш рад, 367 фаҳмонида дода шуда, 138 – тои он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар маҷмӯъ, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми чор моҳи соли равон 1282 муроҷиати хаттӣ ва 675 шифоҳӣ, ҷамъ 1957 дархости шаҳрвандон ворид гардида, тибқи муҳлати муқарраркардаи қонун бо санҷидани ваҷҳҳо ҳаллу фасл шуда, он нисбат ба ҳамин даври соли 2018 - ум 69 муроҷиати хаттӣ зиёд мебошад.

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи зиёди муроҷиатҳо оид ба масъалаҳои замин, кӯмаки моддӣ, гирифтани саҳми замин мебошад ва асосан муроҷиаткунандагон аз ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Шинг, Ёрӣ ва Лоиқ Шералӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҳсуб меёбанд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, баргузории қабули шаҳрвандон аз ҷониби шахсони аввали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят ҳар ҳафта ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз, роҳбаронро мебояд, ки дар бобати шунидан ва ҳаллу фасли арзу дархостҳои шаҳрвандон бо эҳсоси масъулият ва эътибори том саривақт ҷидду ҷаҳд намоянд. Чун паси ҳар муроҷиат ҳаёти нафари дармондае меистад ва зиндагиаш водор кардааст, ки то бо муаммоҳои хеш ба роҳбарони мақомоту сохторҳо рӯ оварад.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh