Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии оила

Фарорасии Рўзи оиларо ба ҳамаи Шумо, сокинони шарафманди вилоят, самимона таҳният мегўям ва таманно мекунам, ки ҳамеша саодати хонаводагӣ, хушбахтиву хушрўзиҳо дар оила насибатон гардад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.

Оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рўзгордориро аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомўзад ва ҳамчунин фарзандон ҳамарўза дар ин дабистоне, ки омўзгоронаш падару модар мебошанд, таълим мегиранд. Мавқеи оила дар инкишофи минбаъдаи шахсият назаррас мебошад. Агар ҳар як оила ахлоқан мустаҳкам бошад, ҳамон қадар дар ҷамъият мустаҳкамӣ ва ахлоқи баланди инсонӣ ҳукмфармо мегардад. Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди мақоми оила дар тарбияи фарзанд таъкид доштаанд: “Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём мардуми соҳибтамаддуни мо ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар рўҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ, донишомўзиву маърифатпарварӣ ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзанди худ ҳамеша кўшиш мекард. Хусусан, ақлу идрок, ҷаҳонбинӣ ва фазилати маънавии падару модар аввалин сарчашмаест, ки дар зеҳну шуури кўдак нақши ҳамешагӣ пайдо мекунад”.

Айни замон, Ҳукумати кишвар барои давра ба давра беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таъмини зиндагонии шоистаи мардум, аз ҷумла фароҳам овардани муҳити хуби иҷтимоии оилаҳои ҷавон тадбирҳо андешида, барои равнақи созандагӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор фароҳам меоварад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо истиқбол аз ин иқдомоти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонниз ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, тарѓибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ, ҳамасола тадбирҳои мушаххас меандешад.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи давлатии “Пешгирии зўроварӣ дар оила” ҷиҳати беҳтар намудани вазъи некўаҳволии оилаҳо амал мекунанд, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, мақсад аз қабули онҳо ба масъулияти бештар ҷалб намудани волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани сатҳу сифати саводнокӣ ва тарбияи онҳо дар рўҳияи ватанпарастӣ, худогоҳии миллӣ ва пешгирии харҷи беҳудаю танзими ҷашну маросим мебошад.

Аз ин лиҳоз, мақоми оила дар ташаккули насли созанда ва бунёдкор назаррас буда, аз бисёр ҷиҳат ба тарбияи хонаводагӣ сахт алоқаманд мебошад. Итминони комил дорам, ки падару модарони мо бо дарки ҳамин масъулият ҷиҳати тарбия ва ба воя расонидани фарзандони хештаншиносу худогоҳ ва ватандўст бештар кўшиш менамоянд.

Бо чунин ниятҳои нек, бори дигар кулли мардуми шарафманди вилоятро бо фарорасии Рўзи оила табрику муборакбод менамоям.

Бигузор аз нури чеҳра ва муҳаббати поки занону модарони азиз  ва матонату иродаи қавии падарони бузургвор, роҳи ҳаёти имрўзу фардои ҳар оила мунаввар ва маҷмўан тамоми ҷомеаи мо нурониву гарм ва лабрези меҳру муҳаббат бимонад.

Add comment


Security code
Refresh