Мардум муаммо надоранд?

 Маълум, ки арзу ниёзи сокинон қонеъ гардонида шудааст!

Қабули шаҳрвандон, ба амал баровардани арзу ниёз ва хоҳишҳои онҳо аз ҷониби Раиси вилояти Суғд, инчунин раисони шаҳру навоҳӣ солҳо инҷониб ба ҳукми анъана даромада, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва зарур бошад, чоршанбе дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ҳамон маҳал аз рӯи ҷадвали тасдиқгардида ва тибқи системаи хизматрасонии “Равзанаи ягона” ҷараён мегирад.

Ин иқдом аз ҷониби раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода низ роҳандозӣ шуда, вақте вориди толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гаштем, аҷибаш он буд, ки ҳамагӣ се нафар бо дархостҳои худ ба раис муроҷиат мекарданд.

Яке аз онҳо дар масъалаи манзил – хона ё қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз раис ёрӣ металабид. Гӯш кардани шароити зане бо номи Иқболой Абдураҳимова бисёр риққатовар буд. Зан аз шавҳараш ҷудо шуда, фарзанди ӯ бемори модарзодӣ доштаасту танҳо дар хобгоҳ мезистааст. Аз раиси шаҳр дархост намуд, ки ӯро бо манзил таъмин намоянд, зеро дар фасли зимистон шароити хобгоҳ ӯро қонеъ карда наметавонад. – Шаҳрвандон асосан оид ба ду масъала ба мо муроҷиат мекунанд: таъмин бо ҷои зист ва дигаре расонидани кӯмаки моддӣ.

Дар масъалаи таъмини шаҳрвандон бо хона ё қитъаи замини наздиҳавлигӣ мо имконият надорем. То ин муддат 288 нафар шаҳрванд барои гирифтани хона тӯли чор сол инҷониб дар навбат истодаанд, – афзуд раиси шаҳр Х.Амонзода. – Хонаҳои холиву беодам хеле зиёданд, ки вайрону валангор истодаанд, аммо вақте барои муайян кардани шароити ин хонаҳо чанд бор ба суд муроҷиат кардем, соҳибони онҳо дарҳол пайдо шуда меоянд. Як нафар панҷ ё шаш хона харида мондааст, ки ин моликияти ӯст ва мо, албатта ҳуқуқи худсарона соҳиб шудан ба манзилҳои онҳоро надорем, - иброз дошт мавсуф.

Аз сабаби он, ки дар шаҳр барои додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷой нест, ба 80 нафар аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба 48 нафар аз мавзеи шаҳраки Сайҳун замин тақсим шуд, вале мутаассифона, бо вуҷуди сипарӣ гардидани ҳафт сол ягон нафар дар ин заминҳо сохтмон накардаанд. Ҳамагӣ 25 нафар сертификат гирифтаанду халос. Дархости дигар аз ҷониби шаҳрвандон ин расонидани кӯмаки моддӣ ба онҳо буд. Дар шаҳри Истиқлол наздик 400 оилаи камбизоат умр ба сар мебаранд, ки албатта мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба онҳо ёрии пурраи худро расонида наметавонад.

 – Дастгирии оилаҳои ниёзманд аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроия қарор дорад. Албатта, ҳар иду айём ба оилаҳои ниёзманд, маъюбону нафақахӯрон аз ҷиҳати моддӣ кӯмак мерасонем, аммо таъмини пайвастаи онҳо албатта, андак мушкил аст, – изҳор дошт раиси шаҳр.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh