Раҷаббой Аҳмадзода сокини ноҳияи Айнӣ Достонбой Шодмонови 29 соларо аёдат намуд

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ба водии Зарафшон сафар кард.

Дар оғози сафар Раиси вилоят дар ноҳияи Айнӣ сокини 29 солаи ноҳия Достонбой Шодмоновро аёдат намуд ва ӯро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфт. Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиндагиву фаъолияти шахсони ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дошта, барои дастгирии маъюбону ятимон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

-Роҳбарияти вилояти Суғд низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони яккаву танҳо ва ятимону ниёзмандонро мунтазам дастгирӣ намуда, барои таъмини зиндагии осоиштаи онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд,- таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ Достонбой Шодмонов ҳангоми суҳбат бо Раиси вилоят перомуни зиндагии худ ва нақшаву орзуҳояш маълумот дода, сипосмандии худро ҷиҳати дастгириҳои доимӣ баён сохт.

Ба номбурда аз тарафи Раиси вилоят 1000 сомонӣ кӯмакпулӣ ва маводи ғизоӣ аз қабили орд, шакар, биринҷу макарон ва ғайраҳо тақдим карда шуд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят ҳамзамон Корманди шоистаи Тоҷикистон Гулчеҳра Саъдуллоеваро аёдат намуда, ба ӯ саломатии бардавом таманно кард. Гулчеҳра Саъдуллоева зодаи ноҳияи Айнӣ буда, солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла муовини раиси ноҳияи Айнӣ кор кардааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh