МУАММОҲО ҲАЛЛИ ХУДРО МЕЁБАНД

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ҳафта аз ҷониби раисони шаҳру навоҳии вилоят рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад.

Давоми 4 моҳ дар ноҳияи Спитамен аз ҷониби раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим 104 нафар шаҳрванд қабул шудааст. Рӯзҳои қабул дар як ҳафта ду маротиба доир гардида, сокинон бештар бо масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматӣ, кӯмаки молиявӣ, таъмири роҳҳо, ободонӣ, оби нӯшокӣ муроҷиат кардаанд.

11 - уми майи соли равон қабули шаҳрвандон аз ҷониби муовини аввали раиси ноҳия Зоҳидзода Даврони Абдуқодир баргузор шуд. Дар ин рӯз ҳамагӣ 7 нафар шаҳрванд барои ҳаллу фасли мушкилоти хеш муроҷиат карданд, аз ҷумла се сокини Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин: - Олтиной Каримқулова бобати мусоидат ҷиҳати ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматии додараш, Гавҳар Мамараҳимова барои ҳалли баҳси маблағи пиллаи соли гузашта ва Шералӣ Мамадхӯҷаев барои гирифтани шиноснома ба писараш муроҷиат намуданд.

Бояд гуфт, ки шавҳари Мубина Шерматова, сокини Ҷамоати деҳоти Куруш чанд вақт инҷониб аз бемории ҷигар азият мекашад ва барои табобат маблағ надорад, аз ин рӯ барои кӯмаки пулӣ муроҷиат кард. Худи ҳамон рӯз аз ҳисоби соҳибкорон ба Мубина Шерматова кӯмакпулӣ дода шуд.

Сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Т.Улҷабоев Дилбар Турдимуродова ҷиҳати ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат кард.

Имрӯз масъалаи асосие, ки сокинонро ба ташвиш андохтааст, ин гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошад. Гуфта шуд, ки алҳол дар ноҳия фонди замин мавҷуд нест ва барои ҷудо кардани фонди манзил дар ҳаҷми 355 гектар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд. Дар ҳолати тасдиқ гардидани фонди манзил нафароне, ки дар навбат истодаанд, бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд.

Бобати муроҷиатҳои шаҳрвандон шахсони масъул вазифадор карда шуданд, ки аризаҳои қабулшуда сари вақт баррасӣ ва ҳалли худро ёбанд. Сокинон умед доранд, ки муаммоҳои онҳо рӯзҳои наздик ҳал мешаванд.

Алҳол дар ноҳияи Спитамен 7 ҷамоати деҳот мавҷуд буда, 139 ҳазор аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст. Пас суоле ба миён меояд, ки чаро дар рӯзи қабули шаҳрвандон танҳо 7 нафар сокини ноҳия иштирок карданд? Оё дар ноҳия муаммо мавҷуд нест ва ё бошандагон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намекунанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh