ҲАЛЛИ САРИВАҚТИИ МАСЪАЛАҲО

11-уми майи соли равон баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аҳамияти зарурӣ додан ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли саривақтии масъалаҳои пешниҳодшудаи сокинон чун анъана, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Раиси ноҳия Назирӣ Зариф Вализода «Рӯзи қабули шаҳрвандон» доир гардид. Дар он муовинон, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат доштанд.

Он рӯз 28 нафар шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун муроҷиат карданд, аз он ҷумла, иваз намудани қитъаи замин, кӯмак барои табобат, кӯмаки моддӣ, харидории трансоформатор ва насби он, таъмин шудан бо манзили истиқоматӣ ва ҷои корӣ, гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва дигар масъалаҳо аз ин шумор мебошанд.

Чунончӣ Мамлакат Алибоева - сокини Ҷамоати деҳоти Исфисор барои мусоидат намудан ба гирифтани табобат ва кӯмаки молиявӣ муроҷиат намуда, ба гуфти ӯ вазъи саломатиаш хуб нест, алъон иҷорашин аст. Баъди шунидани дарди дили ин зан бобати кӯмакпулӣ ва гирифтани табобат ба масъулини соҳаи тандурустӣ супориш дода шуд, ки ӯро дастгирӣ намоянд .

Маҳмудҷон Ҷӯраев - сокини Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, хоҳиш намуд, ки замини барояш аз минтақаи Хомрабод ҷудошуда ба шаҳраки Сайҳун иваз карда шавад.

Акбар Шарифов - сокини ҷамоати деҳоти Исфисор барои пайдо кардани ҷои кор ва сокинони дигари деҳаи Некроҳи Ҷамоати деҳоти Чашмасор ҷиҳати харидории трансформатор ва насби он дар ин деҳа муроҷиат карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, дар се моҳи аввал, бо масъалаҳои гуногун 322 нафар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намуданд, ки муаммои онҳо саривақт ҳаллӣ худро ёфтаанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh