Ба 400 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳо аз шаҳраки Сайҳун замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд

31 - уми майи соли равон дар шаҳраки Сайҳун Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба сокинони эҳтиёҷманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Деваштич, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок намуд.

Сараввал Раиси вилоят аз дастгирӣ ва ташаббусҳои мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада таъкид намуд, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат ин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа мебошад. Дар ин раванд ҳар сол тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ мегарданд ва шароити зиндагии худро беҳтару хубтар менамоянд.

Зикр гардид, ки давоми солҳои охир танҳо дар шаҳраки навбунёди Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоии шаҳрак ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати мамлакат беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст. Аз ҷумла, 3928 гектар замин барои инфрасохтори шаҳрак ва 690 гектар барои бунёди боғҳои интенсивӣ пешбинӣ гардидааст.

Раиси вилоят бобати ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ҳарф зада, зикр дошт, ки дар ин раванд бобати ободонии шаҳраки Сайҳун, аз ҷумла ҷиҳати бо барқ ва оби полезӣ таъмин намудан ва сохтмони роҳҳои мошингарди шаҳрак низ тадбирҳо амалӣ мегарданд.

Раиси вилоят бо лоиҳаи маҳаллаи нав шинос шуда, ба масъулини соҳаҳои меъморӣ ва сохтмон, барқу об ва дигарон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавриди зикр аст, ки ин навбат беш аз 400 оила соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Сокинони соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳори сипос намуданд.

Бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик боз дар ин минтақа ба 430 нафар оилаи ниёзманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим карда мешавад.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

 

Add comment


Security code
Refresh