Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон

Фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барояшон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғаши кӯдакиро таманно дорам.

Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад.

Ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Боиси қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи насли наврас ва дар ин замина ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда, ба нақша гирифтааст, ки то таҷлили ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тақвият бахшида шавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ дар партави ин дастури созанда ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба муассисаҳо таваҷҷуҳу эътибори зарурӣ равона намудааст. Айни ҳол, дар ҳудуди вилоят 263 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 203 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо, 13 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 47 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият намуда, 42710 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Танҳо соли равон дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ду муассисаи томактабӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтанд.

Баробари ин, тибқи дурнамо дар вилоят таъсис додани боз 48 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба нақша гирифта шуда, азнавсозӣ, таъмиру тармими муассисаҳо, ташкили лагерҳои истироҳатию маърифатӣ ба хотири фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо баёнгари таваҷҷуҳи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба насли ояндасоз мебошад.

Аз ҷониби дигар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имрӯз ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан ҳамчун шахсиятҳои сазовори ҷамъият ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

Дар ин рӯзи муборак кулли кӯдакони вилоятро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз самими дил табрику таҳният гуфта, орзу дорам, ки ҳамеша хушбахту сарбаланд бошанд, шахсони бонангу номус, бофарҳангу боадаб, арзандаи миллат ва номбардори Ватани хеш гарданд.

Ид муборак, фарзандони азиз!

Add comment


Security code
Refresh