Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation”

30 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation”-и Ҷумҳурии мардумии Чинро бо роҳбарии Куиин Шан ба ҳузур пазируфт.

Дар аснои мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода оид ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят ва ислоҳоту навовариҳои соҳа ба меҳмонон маълумот дода, таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа ва воридсозии таҷҳизоти навтарини тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

-Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба мамлакат шумораи зиёди таҷҳизоти тиббии муосир ворид карда мешавад, ки ин бешак барои таъмини солимии ҷомеа нақши муассир мегузорад,- илова намуд Раиси вилоят.

Чуноне зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ширкати истеҳсоли таҷҳизоти тиббии “Neusoft Medical Corporation” соли 1998 дар Шеняни Чин таъсис дода шуда, имрӯзҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Амороти Муттаҳидаи Араб, Перу, Ветнам, Бразилия ва Россия намояндагиҳои худро дорад.

Ширкат ба истеҳсоли таҷҳизоти муосири томографияи магнитию резонансӣ (МРТ), томмографияи компютерӣ (КТ), момографии рақамӣ, рентгени рақамӣ, сабти барқии майнаи сар (ЭЭГ), ташхиси ултрасадо (УЗИ) машғул буда, метавонад ба тариқи лизинг ва бидуни фоиз таҷҳизоти тиббиро ба вилояти Суғд низ дастрас намояд.

Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ҳавасманди худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо баён доштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh