Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Рӯзи 31 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба манзили чанде аз собиқадорони меҳнат рафта, онҳоро аёдат намуд.

Раиси вилоят дар ин рӯз аз ҳоли собиқадорон Ҳамро Тоирова, Биҳоҷал Раҳимова,  Отаҷон Усмонов ва Ҳусенбой Файёзов, ки солҳои дароз барои рушди соҳаҳои гуногун заҳмат кашидаанд, хабар гирифт.

Зимни аёдатҳо Раиси вилоят таъкид кард, ки роҳбарияти вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз ҳоли собиқадорони меҳнат бохабар гардида, ба онҳо кӯмакҳои худро мерасонад.

Таъкид карда шуд, ки ҳаёту фаъолияти шахсони барӯманд барои насли ҷавон намунаи ибрат аст ва ҷавонон дар пайравӣ ба  собиқадорон барои ободонии Ватани соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.

Дар навбати худ собиқадорони меҳнат барои ҳусни таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ карда, барои ободии Тоҷикистон дасти дуо бардоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh