Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Фитр

Ҳамдиёрони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли сокинони вилоятро бо Иди саиди Фитр, ки баёнгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ - сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат мебошад, табрику муборакбод менамоям.

Иди саиди Фитр дар кишвари мо бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мақоми расмӣ гирифта, чун анъана ҳар сол таҷлил мегардад. Шоистаи таъкид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 - уми майи соли равон дар Паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак барҳақ таъкид намудаанд:

"Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кӯмак дароз мекунад".

Дар ин моҳи шариф бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо рондани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Офаридгор талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу ризоият ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд.

Қобили қайд аст, ки солҳои охир маърифати маънавию ахлоқии шаҳрвандон боло рафта, таваҷҷуҳи соҳибкорону ашхоси боҳиммат нисбат ба дастгирии ятимону маъюбон ва ниёзмандон, инчунин таъмири муассисаҳои иҷтимоӣ, мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, беморхона, китобхона, бунёди роҳу кӯчаҳои маҳаллаву деҳаҳо, гузаронидани лӯлаҳои обгузар, таъмиру тармими пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ба анъанаи нек табдил ёфта истодааст.

Ҳамзамон, вақтҳои охир бархе аз шаҳрвандони мо маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла таъмири роҳу пулҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маҳалли зист, тармиму обод кардани манзили зисти хеш ё шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, ки ин амал, албатта, боиси дастгириву таҳсин мебошад. Ин ташаббусҳои инсондӯстона ва иқдомҳои ватандӯстонаи шаҳрвандон бешубҳа барои ободии Ватани азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарафманди вилоят барои татбиқи амалии аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани Солҳои 2019 -2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ дар сатҳи арзанда пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши корҳои ободонию созандагӣ саҳми арзанда мегузоранд. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш пайваста таъкид менамоянд, барои ободии Ватан анҷом додани амалҳои хайр низ як навъ ибодат буда, аҷру савоби он аз дигар рукнҳои Ислом кам нест.

Зеро, Ислом дини инсофу адолат, сулҳу амният, талқингари ахлоқи ҳамида ва маънавияти созанда буда, ҳама гуна аъмоли зишту харобиовар, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти манфии таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм ва экстремизм мебошад. Бори дигар, тамоми мардуми вилоятамонро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик мегӯям ва аз даргоҳи Худованди муттаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва дар рушди устувори Ватани азизамон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh