Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист

Дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳар сол санаи 5 июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии муҳити зист таҷлил гардида, ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла пок нигоҳ доштани муҳит, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, имконияти хубест барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷуҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ мебошад.

Боиси тазаккур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош меварзанд. Дар робита ба ин зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем.

Зиёд шудани аҳолии сайёраи Замин, талаботи рӯзафзун ба озуқаворӣ инсониятро водор месозад, ки минтақаҳои азими қитъаҳои оламро дигаргун созад. Бинобар ин, масъалаи оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ ҳар як фарди соҳибидрокро ба андеша водор месозад. Дар ҳалли ин ҳама ҷустуҷӯву интихоби дурусти роҳу воситаҳои самарабахш зарур аст, то ки табиат ҳаёти солими насли ояндаи инсонро таъмин намояд.

Fамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат боис гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватани азизамон ба гулистон табдил ёбад. Дар робита ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» масъалаҳои ободу зебогардонӣ ва сабзу хуррам намудани муҳити атроф, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд, пеш омадааст ва имрӯзҳо мақомоти дахлдор бо ҷалби доираҳои гуногуни ҷамъият барои рушди ин соҳа корҳои назаррасро ба сомон расонида истодаанд. Хотирнишон сохта мешавад, ки ҳифзи муҳити зист, дар айни замон, яке аз роҳҳои асосии ҷалби сайёҳон мебошад.

Мардуми соҳибмаърифату меҳнатқарини вилояти Суғд тавассути корҳои ободониву кабудизоркунӣ ҳамеша ҷиҳати пойдорию шукуфоии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд, чунки зебоию ободонии ҳар як шаҳру деҳот аз худи мо вобаста аст ва барои мардуми мо, сатҳу сифати зиндагӣ, рушду нумӯи Ватани азиз аст.

Имрӯзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза мегирад. Дар миқёси вилоят чорабиниҳо дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор амалӣ гардида истодаанд, ки гувоҳи тадбирҳо дар самти роҳандозӣ гардидани корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба ҳисоб меравад.

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии муҳити зист кулли табиатдӯстон, мутахассисон, дӯстдорони табиат ва нафаронеро, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, табрику таҳният гуфта, дар идомаи иқдоми наҷибашон барори кор ва пирӯзиву бурдборӣ таманно менамоям.

Add comment


Security code
Refresh