Раиси вилоят бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Конибодом шинос гардид

Рӯзи 3 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом ташриф оварда, бо раванди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд ва ба зарардидагони офат кӯмакҳои моддӣ расонид.

Ёдовар мешавем, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар бархе минтақаҳои шаҳри Конибодом, аз ҷумла ҷамоатҳои  ба номи Ғафурҷон Ортиқов ва Пӯлотон сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид. Тибқи иттилои масъулин дар натиҷаи боришоти зиёди пай дар пай ва омадани сел 55 хонаи сокинон зарар дид ва аз ин миқдор ашёи рӯзгор ва лавозимоти зарурии 31 оила пурра нобуд гардид. Айни замон бо ҷалби сохторҳои марбута корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷараён дошта, беш аз 250 нафар сарбозони қисмҳои низомӣ низ ба сокинон кӯмак расонида истодаанд. Баррасии хисороти воридшуда бошад аз ҷониби комиссияи вижа идома дорад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинони зарардида таъкид кард, ки оқибатҳои офати табиӣ пурра бартараф карда шуда, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарардидагон бо се вақт хӯроки гарм, хайма, либосу ашёи зарурӣ таъмин ва аз хадамоти беҳдоштиву санитарӣ бархурдор хоҳанд шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои суҳбат бо мардуми зарардида ҳамзамон аз мушкилоти онҳо хабардор гашта, ба масъулини ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои мавҷуда супоришҳои мушшахас дод.

Қайд карда шуд, ки баҳри пурра ба анҷом расонидани корҳои бартарафсозӣ ситоди доимоамалкунанда ташкил гардида, зарардидагони офати табиӣ зери ғамхории давлат қарор доранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh