Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сокинони вилоятро ба муносибати Иди Рамазон табрик намуд

Субҳи дирӯз сокинони вилояти Суғд дар масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо намози Иди Фитрро барпо дошта, барои рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол дасти дуо бардоштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масҷиди марказии ба номи Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, кулли сокинони вилояти Суғдро ба муносибати Иди Рамазон табрик гуфт.

Зимни ироаи паёми табрикии худ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки Иди саиди Фитр дар кишвари мо бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мақоми расмӣ гирифта, чун анъана ҳар сол таҷлил мегардад.

-Дар ин моҳи шариф бо нияти хайр анҷом додани амалҳои нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, авфи гуноҳҳо, аз дилҳо рондани кинаю адоват, аёдати беморон, эҳтироми падару модар ва хешу таборон, аз Офаридгор талаби оромиву осоиши сарзамин ва рушду шукуфоии онро кардан аз одат ва фазилатҳои аслии милливу динии мардуми бунёдкор ва созандаи мо ба ҳисоб рафта, бешубҳа дар таҳкими сулҳу ризоият ва ваҳдату якпорчагии ҷомеа мусоидат менамояд,- таъкид намуд Раиси вилоят.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон ба масҷиди ҷомеи “Нури Ислом”-и шаҳри Хуҷанд, масҷиди ҷомеи “Шайх Абулқосими Гургонӣ”-и ноҳияи Айнӣ, масҷиди ҷомеи “Сарв”-и шаҳри Конибодом, масҷиди ҷомеи “Нури имон”-и ноҳияи Ашт, масҷиди ҷомеи “Ҳоҷӣ Абдуалӣ ибни Абдуманнон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, масҷиди ҷомеи “Имоми Аъзам”-и шаҳри Бӯстон, масҷиди ҷомеи “Имом Бухорӣ”-и шаҳри Гулистон, масҷиди ҷомеи “Абӯбакри Сиддиқ”-и ноҳияи Деваштич, масҷиди ҷомеи “Имом Бухорӣ”-и ноҳияи Зафаробод, масҷиди ҷомеи “Ҳазрати Шоҳ”-и шаҳри Истаравшан, масҷиди ҷомеи “Абӯбакри Сиддиқ”-и шаҳри Истиқлол, масҷиди ҷомеи “Ҳоҷиён”-и шаҳри Исфара, масҷиди ҷомеи “Муҳаммад Дарвеши Хуҷандӣ”-и ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ, масҷиди ҷомеи “Ҳазрати Усмон”-и ноҳияи Мастчоҳ, масҷиди ҷомеи “Муҳаммад ибни Башоро”-и шаҳри Панҷакент, масҷиди ҷомеи “Ҷабборқулота”-и ноҳияи Спитамен, масҷиди ҷомеи “Нури Ислом”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ва масҷиди ҷомеи “Алӣ ибни Абӯтолиб”-и ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда, паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди Фитрро ба самъи сокинони шаҳру ноҳияҳо расониданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh