Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Конибодом

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Конибодом сафар кард.

Ёдовар мешавем, ки шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар ҷамоатҳои ба номи Ғ.Ортиқов ва Пӯлотони шаҳри Конибодом сел омад ва офати табиӣ ба хоҷагии халқи шаҳр зиёни худро расонид. Бо мақсади бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ аз рӯзҳои аввал тибқи дастури роҳбарияти вилоят ситоди доимамалкунанда таъсис ёфта, тозасозии хонаҳои сокинон аз лойу рег ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд.

Чуноне зимни боздиди Раиси вилоят аён гардид, тозакунии хонаҳои сокинон идома дошта, сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони дигар минтақаҳои шаҳр ба зарардидагон кӯмак расонида истодаанд. Ҳамзамон ба зарардидагони офати табиӣ се вақт хӯроки гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ барои рӯзгор дастрас гардида, фаъолони шаҳр низ мунтазам кӯмаки худро расонида истодаанд.

Сокинони шаҳр барои дастгириву таваҷҷуҳи хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят сипосмандии худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh