Мушкилоти дарёфти ҷои кор?

Яке аз қишрҳои фаъоли ҷомеа, ки наздики 70 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, ҷавонон ба шумор рафта, давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Имрӯз таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа бамаротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуданд.

Ҳамин аст, ки имрӯз дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва корҳои муҳими ҷамъиятӣ ҷавонон нақши пешбар доранд. Маҳз, ҷавонон марзу буми кишварро аз ҳар гуна хавфу хатарҳо эмин нигоҳ дошта, Ватанро посбонӣ менамоянд.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар ҳар як Паёму суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонони мо нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

Дар баробари ин ҳама аксари ҷавонони кишварро мушкилиҳои дигар дунболагирӣ менамоянд, ки аз ҷумлаи онҳо дарёфти ҷои кор ба шумор меравад. Имрӯз барои бархе ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ мушкилии дарёфти ҷои кор оғоз мешавад. Ба ин мушкилӣ бештар ҷавононе, ки ихтисоси ғайриомӯзгорӣ доранд, дучор мешаванд.

Шервоншоҳ Ҳусейнов - хатмкардаи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Панҷакент, истиқоматкунандаи ноҳияи Айнӣ мегӯяд: "Ҷавонон пас аз хатми донишгоҳ мехоҳанд, ки аз рӯи ихтисоси худ кор кунанд, аммо ба ин муваффақ намешаванд, зеро аз набудани маблағ танқисӣ мекашанд. Маҷбур мешаванд, ки барои таъмини рӯзгор рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оранд.

Баробари ин ҳастанд ҷавононе, ки бо донишу заковати худ соҳиби ҷои кор мешаванд, аммо дертар. Байни мардум ақидае ҳаст, шахси боақлу босавод ҳеҷ бекор намемонад.

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шаҳноза Маҳмудова чунин гуфт: "Ман зиëда аз шаш моҳ бо муассисае ҳамкорӣ кардам. Пас аз хатми донишгоҳ назди роҳбари он рафтам, то маро ба ҳайси коргари штатӣ қабул намояд. Аммо бо ҳар баҳона ба кор қабул накарданд.

Гуфтанд, ки вазъи иқтисодиамон на он қадар хуб аст. Ин аст дастгирии баъзе аз роҳбарияти корхонаву муассисаҳои мо".

Мо дар як шабакаи иҷтимоӣ бо чунин савол “Барои соҳиби кор шудан ба мо чӣ лозим аст? А) дониш, Б) пул, В) “тағо” пурсише гузаронидем, ки аксарият ҷонибдори ҳарсеи он буданд.

Азму талош ва кӯшишҳои ҷавонони лаёқатманду фаъол, ватандӯсту меҳанпарвар дар тамоми соҳаҳо нақши ҳалкунанда дорад.

Барои ин дастгирии мақомот ва роҳбарияти ин ë он муассисаҳо зарур аст, то ки ҷавонон ба онҳо такя намуда, дар пешравӣ ва тараққиёти давлати хеш ҳиссагузор бошанд.

 Ҳафиза БЕГОВА,
Рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh