Ҳаёт бо орзуҳо ширину рангин аст!

Созмони Милали Муттаҳид 12 - уми июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак муайян намудааст ва дар саросари дунё онро бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ таҷлил менамоянд. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат вобаста ба ин сана мавзӯи асосӣ интихоб мегардад. Вазъи имрӯзаи ҳассоси ҳаёти ҷомеаро ба инобат гирифта, шиори соли 2019 “Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рӯйи орзуҳои худ амал намоянд” эълон гардидааст.

Тоҷикистон дорои сохтори аҳолии ҷавон ва ояндадор буда давлат мавқеи худро нисбат ба ҳуқуқи кӯдак муайян кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба тасвиб расонида, тибқи онҳо ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Бино ба иттилои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат № 138 “Оиди ҳадди ақали синну сол барои ба кор қабул кардан”, № 29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ” ва №182 “Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак” ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегирад.

Дар ин радиф қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 - уми марти соли 2014, таҳти №169 “Рӯйхати корҳои шароиташон номусоид ва зараровар, ки истифодаи меҳнати ашхоси аз 18 - сола хурд иҷозат дода намешавад ва ҳадди меъёрҳо ҳангоми дастӣ бардоштан ва кашонидани борҳо”, аз 31 - уми октябри соли 2014, таҳти № 690 “Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 - 2020” тасдиқ гардидаанд.

Соли ҷорӣ Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 100 - солагии таъсисёби худ ва дар ин росто пешбурди адолати иҷтимоӣ ва таъмини меҳнати арзандаро ҷашн мегирад.

Шиори соли 2019 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон ин: “Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рӯйи орзуҳои худ амал намоянд” мебошад. Тибқи маълумот, дар ҷаҳон 152 миллион кӯдак меҳнат мекунанд. Меҳнати кӯдакон амалан дар ҳамаи бахшҳо ба назар мерасад, аммо аз 10 нафар кӯдакон 7 нафарашон дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд.

Мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи қонунгузории ҷорӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат маҳсуб дониста ва барои аз байн бурдани он пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Болоравии иқтисодиёти кишвар, баландшавии сатҳи некӯаҳволии мардум ва пайгирии уҳдадориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳанд, ки дар барҳам додани меҳнати кӯдак, ҳифзи меҳнати коргарҷавонон, ташкили ҷойҳои кории арзанда барои насли наврас мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба пешравиҳо ноил гардем.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh