Назорати прокурорӣ дар амал!

Аз маълумоти оморӣ бармеояд, ки дар шаҳри Хуҷанд 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосӣ, 44 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 40 728 нафар дар муассисаҳои таълимӣ бо таҳсил ва 9 398 нафар кӯдак дар боғчаҳо бо тарбия фарогиранд.

Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки тайи солҳои охир аз тарафи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия як қатор тадбирҳо андешида шуда, теъдоди зиёди хонандагон дар Олимпиадаҳо иштирок ва ҷойҳои сазоворро ишғол кардаанд.

Дар баробари ин, боиси таассуф аст, ки 17 - уми апрели соли равон бо кормандони соҳаи маорифи шаҳр ва масъулини кумитаҳои падару модарон расман вохӯрӣ баргузор ва онҳоро огоҳ намуда буданд, ки ба ҳолатҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла бо ҳар баҳона ба ҷамъоварии маблағҳо роҳ надиҳанд. Онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, талаби қонунии прокурорро сарфи назар карда, моҳи майи соли ҷорӣ ғайриқонунӣ барои таъмир аз 60 то 80 сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд ва дар ин хусус волидайн тариқи шифоҳӣ ба прокурори шаҳр муроҷиат намуданд.

Аз ин рӯ, бо назардошти вазъи ташвишовари бамиёномада ва рӯз аз рӯз афзудани норозигии волидайн аз ҳолатҳои бемаврид ҷамъ намудани маблағ аз хонандагон ва тарбиятгирандагон рӯзи 27 - уми май бо даъвати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, масъулини шуъбаи маориф, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони боғчаҳо, кумитаҳои падару модарон, ҷамъ бо иштироки зиёда аз 200 нафар вохӯрӣ баргузор гардид.

Аз шахсони масъул қатъиян талаб карда шуд, ки ба поймол намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи хонандагон, тарбиятгирандагон ва волидайни онҳо таъҷилан хотима дода, маблағҳои ғайриқонунӣ ҷамъоварда фавран ба волидайн баргардонида шавад.

Ҳамчунин, аз масъулини кумитаҳои падару модарон, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд, талаб карда шуд, ки ба масъалаи бо ҳар баҳона дар якҷоягӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони боғчаҳо аз волидайн ҷамъ намудани маблағ нуқта гузошта, минбаъд ба ин кор умуман роҳ дода нашавад.

Дар маҷмӯъ, натиҷаи корбарии мақомоти прокуратураи шаҳр дар ин самт ва зоҳир намудани принсипнокӣ ҳамин шуд, ки аз тарафи муассисаҳои таълимии шаҳр зиёда аз 258000 сомонӣ маблағи қаблан ғайриқонунӣ барои таъмир ҷамъоварда ба волидайн расман бо тартиб додани ҳуҷҷатҳо тариқи нақдӣ баргардонда шуд.

Ба ғайр аз ин, дар натиҷаи андешидани корҳои профилактикӣ бо ташаббуси прокуратураи шаҳр аз тарафи масъулини Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ» низ зиёда аз 74000 сомонӣ маблағҳои ғайриқонунӣ бо баҳонаи таъмир ҷамъоварда бозпас ба волидайн баргардонида шуд.

Инчунин, аз роҳбарияти Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ» қатъиян талаб карда шуд, ки минбаъд ба чунин ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷамъоварӣ намудани маблағҳо бо баҳонаи таъмир аз волидайн хотима дода, фаъолият дар доираи талаботи қонун ба роҳ монда шавад.

Масъалаи мазкур зери назорати қатъӣ ва доимии мақомоти прокуратураи шаҳр қарор дошта, минбаъд низ тамоми чораҳо ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои номатлуб аз тарафи масъулини соҳаи маориф дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд андешида хоҳад шуд.

А.НАЗАРЗОДА,
прокурори шаҳри Хуҷанд,
мушовири адлияи дараҷаи I

Add comment


Security code
Refresh