Раҷаббой АҲМАДЗОДА: ДАР РӮЗҲОИ ВАЗНИН БО МАРДУМ БУДАН, ХИДМАТИ ХАЛҚ КАРДАН РИСОЛАТИ ҲАР ЯК РОҲБАР АСТ!...

8 - уми июни соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба шаҳри Конибодом сафари корӣ намуд. Чунонки иттилоъ дода будем, шаби дуюми июн бар асари боришоти зиёди борон дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи F.Ортиқов ва Пӯлодони шаҳри Конибодом сел омада, бар асари он ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр зарари калон расид.

Бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ аз рӯзҳои аввал тибқи дастури роҳбарияти вилоят ситоди доимоамалкунанда таъсис ёфта, тозасозии хонаҳои сокинон аз лой ва рег ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд. Чуноне зимни боздиди навбатии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аён гардид, тозакунии хонаҳои сокинон идома дошта, сарбозони қисмҳои низомӣ, кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони дигар минтақаҳои шаҳр ба зарардидагон кӯмак расонида истодаанд.

Ҳамзамон, ба зарардидагони офати табиӣ се вақт хӯроки гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ барои рӯзгор дастрас гардида, фаъолони шаҳр низ мунтазам аз ҳоли сокинон хабардоранд. Ҳини боздид аз маҳалли офатзада Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳар як манзили зарардидаро аз назар гузаронида, дар ҷояш ба масъулони вилоятиву шаҳрӣ ва аъзоёни ситод оид ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастуру супоришҳо дод. Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси вилоят ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир гардид.

Раиси вилоят аз роҳбарияти ситоди вилоятӣ, раиси шаҳри Конибодом ва дигар масъулин бобати корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ пурсиш ба амал оварда, ба масъулин дастуру супоришҳои амиқ дод. Иттилоъ дода шуд, ки барои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо ду ситоди доимоамалкунанда дар минтақаҳои «Пӯлодон» (маҳаллаи Бобокалонов) ва «Ортиқов» (маҳаллаи Фирӯзоба) ташкил шудааст, ки ба онҳо масъулини ҳамаи соҳаҳои дахлдор шомил буда, бобати бартараф намудани оқибати сел тадбирҳо меандешанд. Маълум гардид, ки дар минтақаи «Ортиқов» (маҳаллаи Фирӯзоба) аз ҷониби гурӯҳи корӣ 42 оилаи зарардида ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо як манзили истиқоматӣ пурра вайрон, 12 манзили сокинон дар ҳолати садамавӣ, 29 манзили истиқоматӣ таъмирталаб мебошад.

Ба ҳолати 8 июни соли равон дар 30 хонаи истиқоматӣ корҳои тоза намудан аз лой ба анҷом расонида шуда, рӯзҳои охир бо сабаби намнокии зиёд дар боқимонда хонаҳои истиқоматӣ корҳои тозакунӣ ба анҷом расонида мешаванд. Кӯчаҳои зарардида низ мунтазам аз сангрезаҳо ва лой тоза карда шуда истодаанд. Аз ҷониби кормандони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ селроҳаи мавзеи «Ортиқов» (маҳаллаи Фирӯзоба) аз лой ва сангрезаҳо тоза карда шуда буд, корҳои барқароркунӣ алҳол идома доранд.

Дар минтақаи «Пӯлодон» (маҳаллаи Бобокалонов) аз ҷониби гурӯҳи корӣ 55 манзили истиқоматии зарардида ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 31 манзили истиқоматӣ қисман ё пурра хароб гашта, 20 иншооти ёрирасон низ пурра вайрон гаштааст. Ба ҳолати 8 июн дар 20 манзили истиқоматӣ корҳои тоза намудан аз лой ба анҷом расонида шуда, дар 35 манзили истиқоматӣ корҳо идома доранд. Дар бартараф намудани оқибатҳои сел ҳамарӯза то 300 нафар сарбози қисмҳои ҳарбӣ, 50 нафар сарбози Ситоди вилоятии мададгори мудофиа ва ҳолатҳои фавқулодда, беш аз 2 ҳазор нафар корманди соҳаи мухталифи шаҳр ва аҳолии маҳаллаҳо фаъолона иштирок менамоянд.

Ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷониби мутахассисони Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ бо истифода аз 1,5 тонна моддаи хлор ҳудуди қабристони «Фирӯзоба», ки дар натиҷаи омадани сел қисми он осеб дида буд, безарар гардонида шуда, чораҳои дигари зарурӣ барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ин мавзеъ андешида шудааст.

Тибқи дастури роҳбарияти вилоят барои ҳашарчиён дар ҳарду мавзеи осебдида ҳамарӯза се маҳал хӯроки гарм ва нуқтаҳои алоҳидаи тиббӣ ташкил карда шудаанд. Худи ҳамон рӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маводи озуқа, аз ҷумла 3 тонна биринҷ, миқдори зарурии равған, орду шакар дастрас карда шуд. Ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои сел дар километри дуюми роҳи автомобилгарди Равот - Исфара дар масоҳати 145м3, километри 13 - уми ҳамин роҳ дар масоҳати 210м3, километри 14 (ҳудуди гузаргоҳи сарҳадии «Равот», сарҳади Ӯзбекистон) дар масоҳати 360м3 роҳ тоза карда шуд. Дар маҷмӯъ, дар бартараф намудани оқибатҳои сел зиёда аз 20 адад техникаи махсус сафарбар шудаанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни барқарорсозии офати табиӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулин таъкид дошт, ки ҳар роҳбар бояд дар ин рӯзҳои вазнин дар паҳлӯи мардум бошад. Ҷиҳати дастгирии оилаҳои зарардида аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 300 тонна семент ва беш аз 400 ҳазор дона хишти сохтмонӣ ҷудо гардидааст. Раиси вилоят ба аъзоёни ситод супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар бобати таъмиру тармим ва бунёди манзилҳои зарардида тадбирҳо андешида шавад. Ҳамзамон, барои вусъати корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ бо дастури Раиси вилоят 20 тонна сӯзишворӣ ҷудо гардид.

Дастур дода шуд, ки ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, тоза намудани селроҳа эътибори ҷиддӣ дода, сабабу омилҳои офати табиӣ дақиқ омӯхта шавад. Соҳаи кишоварзии шаҳр низ аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидааст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳошияи сафари худ ба шаҳри Конибодом бо вазъи нашъунамои пахтазори бригадаи рақами 2 – и Ҷамъияти саҳомии ба номи Энаҷон Бойматова шинос гардид.

Дар натиҷаи сел 37 гектар майдони кишти пахта, 6 гектар картошказор, 8 гектар замини гандуми хоҷагиҳои кишоварзии Ҷамъияти саҳомии ба номи Энаҷон Бойматова ва 2,5 гектар замини пахтаи литсейи саноатӣ – кишоварзии шаҳр, дар маҷмӯъ 572 гектар замину боғот аз офати табиӣ осеб дидааст. Раиси вилоят ба масъулини соҳаи кишоварзӣ бобати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дастур дода, зикр дошт, ки ин ҳодиса набояд ба паст шудани ҳосилнокӣ таъсири манфӣ расонад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинон аз аҳволашон пурсон шуда, онҳоро руҳбаланд мекард. - Набояд рӯҳафтода шавед, мо дар паҳлӯи шумоем, - изҳор медошт Раиси вилоят ба мардуми зарардида. Сокинони шаҳр барои дастгириву таваҷҷуҳи хоса ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят сипосмандии худро баён доштанд.

Абдуазиз Ғафуров яке аз сокинони зарардидаи офати табиӣ ҳангоми суҳбат лаҳзаҳои нахустини омадани селро нақл ва изҳор дошт, ки «сараввал басо навмедӣ рӯҳияи аҳли хонадони моро фаро гирифта буд. Вале баъди он, ки Раиси вилоят ва роҳбарияти шаҳр, сохторҳои вилоятӣ, мардуми некбину хайрхоҳ ба мададамон омаданд, боз ба зиндагӣ дилгарм шудем.

Бахусус, суханҳои пурмеҳр ва дилсӯзона ва кӯмаку дастгириҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сабаб гаштанд, ки мо худро танҳо ҳис накунем ва оқибатҳои офати табиӣ алҳол бартараф мешаванд. Ман аз номи сокинони офатзадаи кӯчаи ба номи Ортиқов ба Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят миннатдории самимӣ изҳор менамоям»… Вақте ба ҳавлиҳои аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи ба номи Бобокалонови Ҷамоати деҳоти Пӯлодон ворид гардидем, ҳолати ҳузнангезеро, ки ба қалби инсон бетаъсир намемонд, мушоҳида кардем. - Нисфишабӣ ҳама ҷоро торикӣ фаро гирифта буд. Абри сиёҳ якбора пайдо шуд ва шамол хест. Соат тахминан 21:30 буд, ки якбора ба маҳалла сел омад. Мо, сокинони маҳалла омадани чунин селро ҳеҷ дар ёд надоштем. Мавҷи об девору хонаҳоро гӯиё ба коми худ фурӯ мебурд.

Дарвозаи оҳании баландиаш семетраи ҳавлиамонро канда, об ба манзили мо ворид шуд. Тӯфонеро мемонд. Мошини сабукравамро бардошта, ба як кунҷи ҳавлӣ бурд ва ҳамаи манзилҳоямон зери об монд, - нақл кард Баҳодур Ҷабборов. Манзилҳои сокинони кӯчаи ба номи Бобокалонов Сулаймон Тоҳиров, Рауфҷон Обидов, Муфтоиддин Тоҷиддинов ва дигарон низ аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ дида буданд.

Раиси вилоят ва аъзоёни ситоди вилоятӣ аз ин манзилҳо низ дидан намуданд, ба зарардидагон кӯмакҳои саривақтӣ расонида шуд. Саховатмандон низ дар канор набуданд. Ба қадри имконият ва ҳиммати худ яке маводи озуқа мебурду дигаре маблағ. Кӯмак кардан дар ин рӯзҳо албатта, кори хайру амали нек ва ҷавонмардист!...

Мухтори АБДУЛЛО,
«Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд - Конибодом - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh