Об – унсури муқаддаси табиат

Дар тамоми рукнҳои ҷомеаи муосирамон ҳоло омӯзиши ташаббуси башардӯстонаи Пешвои маҳбубамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, амали он вусъат мегирад. Мақсад барои аҳли ҷомеа зеҳннишин намудани ҳифзи унсури муқаддаси табиат - об буда, эҳтиром овардан ба фарҳанги истифодаи он ва сарфакорона эътибор бахшидан ба раванди фоидабарии ин неъмати қиёснопазири табиат маҳсуб меёбад. Баланд бардоштани маданият ва фарҳанги экологӣ, фаъол гардонидани тамоми қишрҳои ҷомеа дар таъмини тозагии муҳити зист, ғамхорӣ баҳри солимию дарозумрии сокинон ва беҳдошти некӯаҳволии мардум аз аҳдофи неки ин иқдом мебошад.

Мо, медонем ва дар зеҳнамон устувор аст, ки об сарчашмаи ҳаёт, ободонии диёр, асоси зироаткорӣ, чорводорӣ, сабзу хуррам, файзбахшу дилрабо нигоҳ доштани сарзамини биҳиштосо, азиз ва маҳбубамон мебошад. Дар ин раванд гуфтори Пешвои миллат, Президенти азизамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамои ҳар узви ҷомеа гардидааст: «Калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ хазинаи маънавию илмӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳо имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии ҷавонон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд».

Ҷурналистон тарғибгари идеяҳои олии Пешвои муаззами худ ҳастанд. Яке аз талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавре аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар мушоҳида ва эҳсос мешавад, пешгирӣ ва роҳ надодан ба ғализшавии обу фазо ва тозаву безарар будани маводи ғизоӣ мебошад, ки дар раванди солимӣ, дарозумрӣ ва тарзи ҳаёти гуворои аҳолӣ нақши пурарзиш дорад.

Гуфтан бамаврид аст, масъалаи об, ки дар сатҳи байналмилалӣ гузошта шудааст, аҳамияти давлатӣ дошта, ҳар яки моро водор менамояд, то ба андозаи маданияту маърифатамон хешро зоҳир намоем.

Аз таърих огаҳ ҳастем: дар таълимоти файласуфону мутафаккирони қадим об ҳамчун яке аз унсурҳои асосии ҳаёт, зиндагӣ, нашъунамо ва ҷовид шинохта шудааст.

Муҳимияти масоили бамиёномадаро ба эътибор гирифта, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ташаббусҳои азими башардӯстона зоҳир менамоянд, ки мо, ҳамагонро ба фаҳмонидан, кор бурдан, иқдомоти нав нишон додан ҳидоят менамоянд.

Дар шароити муосир, дар тамоми зинаҳои ҳаёт бештар ташкил намудани конфронс, семинар, вохӯриву суҳбатҳо бо шахсиятҳои шинохта, намояндагони адабиёт, санъат ва фарҳанг басо муҳим ва мувофиқи мақсад аст. Набояд фаромӯш намуд, ки аксарияти масоили дорои моҳияти давлатӣ мавриди муҳокимаи ҳамоишҳои тарбиявӣ қарор бигиранд.

Барои баланд бардоштани маърифати экологӣ, асолати унсури муқаддаси табиат – об, табиатдӯстии насли наврас оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028» дар дигар чорабиниҳо - гузаронидани корҳои амалӣ аз ҷумла, навиштани иншои озод, реферат, кашидани расм ба манфиати калон молик мебошад. Хуб ба роҳ мондани ҷараёни корҳои тарғиботии мақсаднок ба беҳдошти тарзи ҳаёт мусоидат менамояд.

Мухтори АБДУЛЛО,
Аълочии матбуот ва фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh