Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд

19 - уми июни соли равон шаҳраки навбунёди Сайҳун 512 нафар сокини эҳтиёҷманди 10 шаҳру ноҳияи вилоят соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуданд.

Муовини Раиси вилоят Рустам Каримзода дар ин чорабинӣ ширкат варзида, кулли эҳтиёҷмандони соҳиби қитъаи заминшударо ба ин рӯзи нек аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳният гуфт.

Мавсуф зикр дошт, ки ин тадбир бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии сокинони ниёзманди шаҳру ноҳияҳои вилоят амалӣ мегардад.

Бояд таъкид дошт, ки дар шаҳраки Сайҳун барои сохтмони иншооти иҷтимоии шаҳрак ва таъмини мардум бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 12,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Сокинони соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ шуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуданд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh