Фаъолияти судманди дастҷамъона

Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоят санаи 28 - уми июни соли 2019 дар толори Кохи Рӯдакӣ баргузор гардид. Дар ҷасласа аъзои Шӯро, намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ ва васоити ахбори оммаи вилоят иштирок доштанд.

Дар Шӯрои ҷамъиятӣ пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа бинобар тағйироти кадрӣ ба ҷои Раҳматзода Рустам Мирзо Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур ба ҳайси намояндаи комилҳуқуқи Раиси вилоят дар Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд, ба ҷои Сарфароз Фаттоҳзода Сатториён Матлуба Амонзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва ба ҷои Толмас Душабоев, раиси кунунии Ҷамъияти Ӯзбекони вилояти Суғд Фарҳод Ҷӯраев ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб шуданд.

Дар кори ҷаласа аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоят рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017 - 2020», иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро муҳокима ва таҳлилу баррасӣ намуданд.

Мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи Раиси вилоят Темур Тӯйчизода оид ба рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2017 - 2020» маърӯза намуд. Зимни гузориши хеш мавсуф қайд кард, ки баҳри таҳкими фаъолият, такмил ва ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ба масъалаҳои ошкор намудан, пешгирӣ ва аз байн бурдани ҳодисаҳои экстремистию террористӣ аҳамияти махсус дода мешавад. Баҳри пешгирии паҳншавии ғояҳои террористию экстремистӣ гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ фаъолияти густурда доранд. Кори ин гурӯҳҳо махсусан дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷоннок ба роҳ монда шудаанд.

Зимни музокирот Шуҷоат Ҳасанова, Дилбар Самадова, Илҳоми Ҷамолиён ва чанде дигар аз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ роҷеъ ба ин масъалаи муҳими ҷомеа ибрози назар намуда, роҳи ҳалли муамморо дар фаъолияти дастҷамъона унвон карданд.

Пешниҳод шуд, ки бо Раёсатҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши вилоят гурӯҳҳои кории доимамалкунанда таъсис дода, байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон, донишҷӯён, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзӯр карда шавад.

Чунончӣ раиси бахши Суғдии Иттифоқи ҷурналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён баланд бардоштани саводи расонавии ҷавонони кишварро айни зарурат ва ба манфиати кор дониста, таъкид дошт, ки маҳз камсаводии гурӯҳи ҷавонон, маълумоти кофӣ надоштани онҳо зимни истифодаи интернет, бавиҷа шабакаҳои иҷтимоӣ боиси шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мегардад.

 Пешниҳод карда шуд, ки барои баланд бардоштани саводи расонавии ин насли ҷомеа талоши бештар ба роҳ монда шавад.

Иҷрои қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар гузориши сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои вилоят Ҳакимҷон Ҳакимзода мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар муҳокимаи масъалаи мазкур таъкид шуд, ки барои дар амал татбиқ намудани стратегияи миллии рушд тадбирҳо бояд ҷоннок гардад ва дар ин робита мақомоти дахлдор чораҳои мушаххасро саривақт амалӣ созанд.

Аъзои Шӯро Маъруф Юсуфов ва Парвиз Ҷабборзода зимни музокирот бо таъкиди ин маънӣ фаъолияти дастҷамъонаи тарғиботиву ташвиқотии ташкилоти ҷамъиятии миқёси вилоятро саривақтӣ маънидод карданд.

Таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маърӯзаи мудири шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Сӯҳроб Рустамзода бозгӯ шуд. Мавсуф корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт миёни аҳолии вилоят қаноатбахш унвон карда, зикр намуд, ки сол то сол мардум моҳият ва манфиати ин қонунро дарк намуда истодаанд. Таъкид шуд, ки роҳандозии ин қонун аз омилҳои таҳрикдиҳанда дар самти беҳдошти некӯаҳволии сокинони кишвар мебошад.

Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ пешниҳод намуданд, ки фаъолият дар самти иҷрои қонуни мазкур пурзӯр шавад.

Дар интиҳои ҷаласа Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур дар маҷмӯъ фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии вилоятро хуб арзёбӣ карда, барои беҳтар шудани сифати кори Шӯро чанд пешниҳоди судмандро арза дошт. Аз ҷумла, пешниҳод шуд, ки минбаъд ба хотири таъмини сифати баланди фаъолият аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ соле ду маротиба ба раиси Шӯро аз натиҷаи фаъолияти хеш ҳисобот пешниҳод намоянд, ҳамзамон барои самаранокии корҳо фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии шаҳру навоҳии вилоят марҳала ба марҳала натиҷагирӣ шавад.

Баъди музокираву мубодилаи афкор роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ ба кори хеш анҷом бахшид.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh