МУТАХАССИСОНИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ОМОДА СОЗЕМ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз лиҳози вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ миёни кишварҳои даҳгонаи рӯ ба рушд қарордошта талош мекунад, то баҳри расидан ба ҳадафҳо аз барномаҳои гуногуни созмонҳои байналмилалӣ самаранок истифода барад. Дар шароити глобализатсияи ҷаҳонӣ зарур аст, чун ҷузъи субъектҳои байналмилалӣ ба меъёрҳои омодасозии мутахассисон низ таваҷҷуҳи бештаре зоҳир шавад.

Чанд муддат мешавад, ки Барномаи Иттиҳоди Аврупо – «Гоп» дар доираи омода намудани омӯзгорони соҳибтахассус баҳри беҳтар кардани фаъолияти омӯзишгоҳҳои касбиву техникии мамлакат дар Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд амал менамояд ва дар ҳар манотиқи кишвар семинарҳо бо ширкати мутахассисони мактабҳои касбомӯзии коргарӣ баргузор мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар вохӯриву мулоқоти хеш дар иртибот ба рушди иқтисодиёти кишвар таъкид бар он доранд, ки барои пешрафти соҳоти хоҷагии халқи мамлакат бояд мутахассисони сатҳи дараҷаи баланди мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалиро омода созем. Дар ин самт омӯзишгоҳҳову литсейҳои касбӣ-техникӣ, коллеҷҳо, марказҳои касбтайёркунӣ ҳамеша фаъол ва бояд малакаву таҷрибаи устодон дар сатҳи баланд қарор дошта бошад.

Хайрулло Нурматов – директори литсейи касбии хизматрасонии шаҳри Хуҷанд дар суҳбат қайд намуд, ки Барномаи сатҳи байналмилалии «Гоп» бо баргузории чорабиниҳои худ воқеан ҳам баҳри дар сатҳи баланди ҷавобгӯй ба бозори байналхалқии меҳнат омода кардани мутахассисон мусоидат мекунад. Шахсан камина дар чандин семинару тренингҳо ширкат варзида, баҳри рушди таҳсилоти касбӣ барои худ чизҳои заруриро гирифтам. Дар литсейи касбии мо наздик 500 нафар ҷавон аз рӯи 8 ихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи бозор, аз ҷумла, челонгари нақлиёт, устои барқӣ, ошпаз, қаннод касб омӯхта, дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва кишварҳои хориҷи дуру наздик муваффақона фаъолият доранд. Имсол ҳам теъдоди хоҳишмандон бамаротиб афзудааст, ки ин аз самари доиршавии чунин семинару тренингҳо ва саҳми Барномаи «Гоп» аст. Дар оянда низ бояд тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ кард, ки мутахассисони мо ба бозори меҳнат комилан ҷавобгӯй бошанд.

Табиист, ки яке аз омилҳои муҳими баробар қадам задан бо коллеҷу литсейҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ ин қабл аз ҳама, иштирок дар семинару машваратҳои минтақавию байналмилалӣ ва тренингҳо маҳсуб меёбанд.

Аҳрорхон Сармисоқов – директори касбии саноатӣ - кишоварзии шаҳри Конибодом чунин баён дошт:

–Арзи вуҷуд кардани лоиҳаи мазкур пешравӣ барои фаъолияти босамар дар иртибот ба тайёр кардани касбҳои коргарии ҷавобгӯй ба бозори меҳнат аст. Он касбҳое, ки дар литсейи саноатӣ - кишоварзии Конибодом номнавис шудаанду аз рӯйи онҳо ҷавонон аз ҳамаи манотиқи кишвар таълим мегиранд, куллан ҷавобгӯй ба сиёсати Ҳукумати мамлакат оид ба саноатикунонии босуръат маҳсуб меёбанд. Чун сухан аз бозори меҳнат рафт, зикр бояд кард, ки ҳоло хатмкунандагони литсей дар худи Тоҷикистон, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Россия шуғли хуби доимӣ доранд.

Лоиҳаи мазкур феълан дар шаҳру навоҳии кишвар бомуваффақият татбиқ ёфта, аз рӯйдодҳои муҳим дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон эътироф мешавад.

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh