ТАҲДИДИ СПИД ПУРЗӮР АСТ!

Шумораи беморон аз аввали сол то имрӯз ба 177 нафар расидааст

Ҳар яке аз мо инсонем, ҳама зиндагӣ мекунем, хушҳол мешавем, ғам мехӯрем, меомӯзем, бо дӯстон муошират менамоем ва бароямон оё қимматтар аз ҳаёт чизи дигаре ҳаст? Инсон умри зиёд надорад ва бо андаке хато боз онро кӯтоҳ мекунад. Нафъи худро бархе ба нафаре ё ҷомеа намерасонад, баръакс, бо рафтори ношоями худ боиси озору малоли дигарон мегардад.

Тазоди зиндагиро бинед, ҷавони пурқуввате мехоҳад умр бинад, аммо аз тақдир ба садамаи мошин афтода, маъюб мешавад. Ӯ зиндагиро идома медиҳад, вале ҳеҷ гоҳ дигар соҳиби оила намегардад ва кор карда ҳам наметавонад. Аммо баъзе ба қадри умри насибкарда нарасида, аз нодониву ҷаҳолат ё аз сатҳи пасти зиндагии худ маҷбур ба корҳое даст мезананд, ки аз ҳаёт маҳрумашон месозад, ба роҳе қадам мениҳанд, бехабар хати батлон мекашанд.

Синни наврасӣ метавонад айёми душвор бошад. Бо падару модарон, мактаб, дӯстон аксаран ихтилоф ба вуҷуд меояд. Гоҳо интихоб ниҳоят душвор сурат мегирад. Дар натиҷа ҷавонон майл доранд ҳар чиро, ки ҳаловат меорад, ғамро мезудояд, рӯҳияро беҳ менамояд, бисанҷанд. Вале онҳо намедонанд, ки ин ба хатар алоқаманд аст, чӣ тавр зуд дар онҳо одат ба амалҳои зарарнок пайдо мешавад. Бо вуҷуди он ки одамон гоҳо баҳри рафъи мушкилӣ ба роҳҳои бад мераванд, аммо дар амал он ҳеҷ гоҳ иҷро намешавад, баръакс, умри худро кӯтоҳ месозанд.

Имрӯз масъалаи доғи рӯз зиёд гардидани беморони мубталои вируси норасоии масунияти одам ё ВИЧ/СПИД мебошад, ки ба арзиши ҳаёти одамӣ зарар мерасонад. Рӯз аз рӯз байни занону мардон, ҷавонон ва инчунин кӯдакону наврасон ин бемории хатарнок реша давонида, онҳоро аз зиндагӣ маҳрум месозад.

Дар нашри ҳар мақолаи навбатӣ аз роҳҳои гузариш, тарзу усули пешгирӣ ва натиҷаҳои ин бемории хатарнок маълумот медиҳем. Чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва бештар ҷалб намудани намояндагони ҳамаи бахшҳои ҷомеа ба ин ҷараён талаботи замон мебошад. Ҳарчанд мубориза бар зидди ин беморӣ пурзӯр аст, вале ҳанӯз муолиҷаи пурраи он имконнопазир боқӣ мемонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаллу фасли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ аҳамияти калон дода, як қатор барномаҳои мубориза бар зидди бемории ВНМО ва пешгирии он қабул шудаанд.

– Дар мубориза бо бемории мазкур, ки оқибат ба марг оварда мерасонад, тамоми имкониятро истифода бурда истодаем. Ҳар нафар бояд ҳатман аз ташхис гузарад ва аз саломатии худ огоҳ гардад. Тамоми сохторҳои соҳаи тиб барои пешгирии ВНМО ҷалб шуда, корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр менамоем. Ба мардум ҳарчӣ бештар дар бораи ин намуди беморӣ иттилоъ медиҳем. Агар солҳои пеш дар ҷои аввал нашъамандӣ меистод, имрӯз бемории ВНМО моро ба ташвиш оварда истодааст, – қайд кард дар суҳбат Фирӯз Комилов, – директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ - и вилояти Суғд.

Афсӯсбор аст, ки гирифторони бемории СПИД рӯз аз рӯз зиёд мегарданд. Дар се моҳи аввали соли равон шумораи беморон 88 нафарро ташкил медод, ки дар семоҳаи дуюм ин рақам ба 177 нафар расида, яъне боз 89 нафари дигар мубталои беморӣ гардидаанд. Аз инҳо 99 нафар мард буда, 78 нафари дигарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар шашмоҳаи аввал 38 нафар бар иллати ин беморӣ аз ҳаёт маҳрум гардидаанд. Агар чунин арқом давом ёбад, яъне ҳар се моҳ 88 - нафарӣ бемори ВНМО гарданд, то охири сол аз рӯи ҳисоби пешакӣ онҳо ба 352 нафар хоҳанд расид. Мувофиқи маълумоти расмӣ соли 2017 дар вилояти Суғд 309 нафар гирифтори бемории СПИД ба қайд гирифта шуда буданд, ки ин нишондод дар соли 2018 ба 389 нафар расида буд. Гирифторони СПИД асосан дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Панҷакент ва Бобоҷон Ғафуров зиёд мебошанд.

Роҳҳои гузариши ВИЧ/СПИД - ро муайян кардаанд, ки он асосан истеъмоли маводи нашъаовар ё истифодаи сӯзандоруҳои тазриқии тамйизнашуда, ҳангоми бадрафтории ҳамхобагӣ бо шахси бегона, тариқи маводи дорои нишонаҳои омехта бо хуне, ки олуда ба ин беморӣ аст. Бояд танҳо аз воситаҳои гигиенаи шахсӣ ё нав харидоришуда истифода намуд. Аз модари гирифтори бемории СПИД низ ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд, ширмаконӣ гузариш аз эҳтимол дур нест.

Дар самти мубориза бар зидди ин беморӣ ҷумҳурии мо дар канор нест ва ҳамеша бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар шаҳру навоҳии вилоят, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонию олӣ, корхонаву муассисаҳо кӯшиши зиёде оид ба зарари ин беморӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Мувофиқи ҳисоботи омори байналмилалӣ ҳамасола дар ҷаҳон садҳо ҳазор одамон аз бемориҳое, ки дар натиҷаи тамокукашӣ, мастӣ, нашъамандӣ ва махсусан СПИД ба вуҷуд меоянд, ранҷ мекашанд ва оқибат мефавтанд. Барои аксари онҳо шавқу рағбат ба ин аъмоли бад пурзӯр гардида, бо марг поён меёбад. Ҳайҳот, аз нодонӣ!

Гулҷаҳон Турсунзода,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh